Главная / Илм / ЛЕЙКОЗ

ЛЕЙКОЗ

leykozЛЕЙКОЗ (Lucosis; аз юн. leukos – сафед), лейкемия, сафедхунӣ, омоси узвҳои хунофар. Оид ба Л. аввалин маротиба олими немис Р. Вирхов (1845) маълумот додааст. Л. шадид ва музмин мешавад. Л-ҳои шадид ва музмин вобаста ба он ки омос аз кадом ҳуҷайраҳо иборат аст, намудҳои гуногун доранд. Дар мавриди Л.-и шадид дар мағзи устухон, сипурз, ғуддаҳои лимфавӣ, ҷигар ва диг. узву бофтаҳо ҳуҷайраҳои «ҷавон» (лейкозӣ) меафзоянд. Беморӣ бисёр вақт бо сустию беҳолатӣ ва дарди сабуки устухонҳо оғоз меёбад. Баъдтар бидуни ягон сабаб дар пӯст ва луобпардаҳо хуншориҳои гуногун ба амал меоянд, аз милки дандон, бинӣ, бачадон, рӯда ва диг. узвҳо хун меравад. Дар пӯсти рӯй ва қисми мӯйдори сар мумкин аст уқдаҳои калон пайдо шаванд («шеррӯӣ»). Дар пӯсти бадан доначаҳои махсус дамида, онҳо ба ҳамдигар омехта мегарданд ва ба пайса табдил меёбанд. Баъзан дар сатҳи пӯст яраҳо низ ба назар мерасанд.
Лимфолейкози музмин, миелолейкози музмин, эритремия, инчунин бемории миеломӣ намудҳои бештар паҳншудаи Л.-и музмин мебошанд. Нишонаи ҳамешагии лимфолейкози музмин калон шудани ғуддаҳои лимфавии канорӣ ва испурч аст. Ҳангоми миелолейкози музмин испурч калон мешавад. Барои ҳар ду намуди Л.-и музмин афзудани теъдоди лейкоситҳои хун, тағйир ёфтани таносуби лейкоситҳо ва камхуние, ки батадриҷ рушд меёбад, хос аст. Реаксияи таҳнишини эритроситҳо (СОЭ) бетағйир аст. Дар аснои эритремия ранги рӯй ва кафи даст сурхи кабудтоб гашта, миқдори гемоглобин ва эритроситҳои хун меафзояд. Дарди устухонҳо, хусусан устухонҳои қафаси сина ва сутунмӯҳра, хоси бемории мазкур мебошад.
Л.-ро фақат дар натиҷаи муоинаи клиникию лабораторӣ метавон муайян кард. Ташхиси Л.-и музмин асосан ба тадқиқи хун вобаста аст. Барои ташхиси бемории миеломӣ тадқиқи махсуси сафедаҳои зардоби хун, пунксияи мағзи устухон, акси рентгении устухон заруранд. Барои ташхиси Л.-и шадид низ тадқиқи хун лозим аст, вале иллатро фақат аз рӯи тадқиқи таркиби мағзи устухон метавон муайян намуд.
Солҳои охир духтурон дар табобати ҳамаи намудҳои Л., аз ҷумла Л.-и шадиди кӯдакон, ки пештар илоҷнопазир буд, ба дастовардҳои назаррас ноил гаштаанд. Баъди ташхис ва рафъи зуҳуроти шадиди беморӣ Л.-ро дар поликлиникаю амбулаторияҳо муолиҷа мекунанд. Беморон дар ин сурат моҳҳо (солҳо)-и зиёд қобилияти меҳнатиашонро нигоҳ дошта, кор ё таҳсил карда метавонанд. Онҳо дар давраи табобат бо доруҳои зарурӣ таъмин карда мешаванд. Фақат дар сурати иҷро кардани ҳамаи таъиноти духтур табобати Л. натиҷаи хуб медиҳад. Беморони гирифтори Л. бояд зери назорати доимии духтур бошанд, худро аз хунук хӯрдан, сироят ва шуои офтоб эҳтиёт кунанд.
Ниг. низ Лимфолейкоз, Миелолейкоз.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …