Главная / Илм / ЛЕЙШМАНИОЗ

ЛЕЙШМАНИОЗ

leyshaminozЛЕЙШМАНИОЗ (Leishmaniosis), номи умумии амрози протозойии хун. Ангезаи Л. паразитҳои дохилиҳуҷайравӣ мебошанд. Онҳоро кӯрпашшаҳо мегузаронанд. Бештар узвҳои дарунӣ (лейшманиози дохилӣ), пӯст ва луобпардаҳо (лейшманиози пӯст) осеб меёбанд.
Ангезандаҳои Л. ба ҷинси Leishmania, оилаи Trypanosomatidae, синфи Zoomastigophorea, типи Protozoa мансубанд. Ҳаёти лейшманияҳо аз ду давра иборат аст: амастигота ё беқамчинакӣ – дар организми ҷонварони мӯҳрадор ва одам; промастигота ё қамчинакдорӣ – дар организми бандпойҳо (кӯрпашша). Лейшманияҳои амастиготӣ байзашакл (андозаашон 3 – 5 х 1 – 3 мкм) ва лейшманияҳои промастиготӣ дукшакл (дарозиашон то 10 – 20 мкм, барашон то 4 – 6 мкм) мебошанд. Лейшманияҳоро кӯрпашшаҳои ҷинси Phlebotomus ва Lutzomyia паҳн мекунанд.
Л. дарунӣ (виссералӣ) ва берунӣ (пӯст) мешавад.
Л.-и дарунӣ (Leishmaniosis visceralis) бемории музмин буда, бо таби ноустувор, спленомегалия, гепатомегалия, камхунӣ, лейкопения, тромбоситопения, кахексия ҷараён мегирад. Л.-и дарунӣ антропонозӣ ва зоонозӣ мешавад. Ба Л.-и дарунии антропонозӣ кала-азари ҳиндӣ, ба Л.-и дарунии зоонозӣ – Л.-и дарунии баҳримиёназаминӣ-осиёимиёнагӣ ё кала-азари кӯдакон, Л.-и дарунии Африқои Шарқӣ, Л.-и дарунии Олами Нав мансубанд.
Дар қаламрави ИДМ (аз ҷумла Тоҷикистон) Л.-и дарунии баҳримиёназаминӣ-осиёимиёнагӣ дучор меояд. Онро Л.-и кӯдакон, кала-азари кӯдакон низ меноманд. Ангезандааш L. infantum аст; бемории зоонозист. Манбаъҳои сирояти он асосан се гурӯҳанд: 1) табиӣ – лейшманияҳо дар байни ҷонварони ваҳшӣ (шағол, рӯбоҳ, қашқалдоқ, суғур) вомехӯранд; 2) қарияӣ – лейшманияҳо асосан дар байни сагҳо дучор меоянд; 3) шаҳрӣ – манбаи сироят сагҳо мебошанд, вале ангезандаҳо дар байни калламушҳо низ ба чашм мерасанд. Бештар кӯдакони 1 – 5-сола бемор мешаванд.
Лейшманияҳо аз ҷое, ки ба организм ворид шудаанд, тавассути хун ба ҳуҷайраҳои паҳн мегарданд. Онҳо дар ҳуҷайраҳо афзоиш карда, фаъолияти ҷигар ва сипурзро халалдор месозанд, иллати мағзи устухон ва роҳи узвҳои ҳозимаро ба вуҷуд меоранд.
Дар ҷараёни беморӣ, гарчӣ нисбатан суст бошад ҳам, подтанҳои махсус ғун мешаванд. Онҳо мансуби иммуноглобулинҳои М ва G мебошанд. Маҳсули мубодилаи моддаҳо ва маҳв шудани лейшмания боиси инкишофи заҳролудӣ мегардад. Баъди шифо ёфтан масунияти устувори якумрӣ пайдо мешавад.
Давраи ниҳонии Л. аз 20 рӯз то 3 – 5 моҳ аст. Дар ҷои газидаи кӯрпашша дар кӯдакони 1 – 1,5 сола, гоҳо дар кӯдакони дигар ва калонсолон, ярачаи карахшдор пайдо мешавад. Ин аломати асосӣ буда, то зуҳуроти умумии маризӣ рух менамояд. Л.-и дарунӣ аз давраҳои оғоз, авҷ ва терминалӣ иборат аст.
Дар давраи оғози беморӣ сустиву беҳолӣ, камиштиҳоӣ, адинамия, бузург шудани сипурз ба назар мерасад. Давраи авҷи беморӣ бо табларза оғоз меёбад. Бемор рӯзҳо ва моҳҳо таб (39 – 40°С) мекунад. Аломати ҳамешагии Л.-и дарунӣ калон ва сахт шудани ҷигар, хусусан сипурз аст. Сипурз дар муддати 3 – 6 моҳи аввали маризӣ тез калон мешавад. Ҳангоми молиш додан, ҷигар ва сипурз сахт буда, дард намекунанд.
Мавриди Л.-и дарунии баҳримиёназаминӣ-осиёимиёнагӣ ғуддаҳои лимфавии канорӣ, масориқаӣ, гирдибронхӣ низ иллат хоҳанд ёфт. Дар маризон лимфаденити канорӣ, гоҳо мезаденит ба мушоҳида мерасад.
Вазъи бемор батадриҷ бад ва худи ӯ харобу лоғар мегардад. Камхунӣ иллати мағзи устухонро тақвият медиҳад. Дар натиҷаи калон шудани ҷигар, сипурз ва боло ҷой гирифтани диафрагма дил ба тарафи рост меғеҷад, оҳанги он кунд мешавад. Бо инкишофи камхунӣ ва заҳролудӣ аломатҳои осеби дил меафзоянд. Дар давраи терминалии беморӣ кахексия пайдо шуда, тонуси мушакҳо суст, пӯст тунук мегардад, тарҳи калон шудани ҷигар ва сипурз баръало намуда меистад; ранги пӯст парида, камхунии сахт ба вуҷуд меояд.
Л.-и баҳримиёназаминӣ-осиёимиёнагӣ шадид, шадидмонанд ва бардавом мешавад. Л.-и шадид дар кӯдакони хурдсол ба чашм расида, дар сурати сари вақт муолиҷа накардан, оқибати нохуш ба бор меорад. Л.-и шадидмонанд нисбатан бештар вомехӯрад. Он 5 – 6 моҳ тӯл мекашад. Дар сурати муолиҷа накардан, мариз мефавтад. Л.-и бардавом дар кӯдакони калонтар ва одамони калон дучор меояд.
Дар манбаъи эндемӣ ташхиси Л. душвор нест. Барои тасдиқи ташхис аз усули паразитологӣ истифода мешавад. Ҳини Л.-и дарунии баҳримиёназаминӣ-осиёимиёнагӣ лейшманияҳоро баъзан дар хун ошкор месозанд. Усули аз ҳама боэътимод дар андудаҳои мағзи устухон ёфтани лейшманияҳо мебошад. Гоҳо аз усули биопсияи ғуддаҳои лимфавӣ, сипурз ва ҷигар низ истифода мекунанд.
Л.-ро аз вараҷа, грипп, тиф, лейкоз, уфунат, лимфогранулематоз, брутселлёз фарқ кардан лозим аст.
Дар мавриди Л.-и дохилӣ доруҳои сурмаи панҷвалента муфиданд (солюсурмин, неостибозан, глюкантим). Солюсурмин (солюстибозан, стибанол, пентостам)-ро ҳар рӯз ба варид бояд фиристод (ҳамагӣ 7 – 16 рӯз). Дар мавриди натиҷаи дилхоҳ надодани доруҳои сурмаи панҷвалента ба мушак пентамидин (ҳар рӯз ё рӯздармиён) фиристода мешавад.
Вояи истифодаи солюсурмин (Н. А. Мирзоян)
Синну сол ва вазъи мариз Вояи дору бо г ба 1 кг вазни мариз
Доруфиристии якум Доруфиристии дуввум Доруфиристии саввум ва минбаъд Мӯҳлати хотимаи табобат (бо рӯз)
Кӯдакони то 7-сола бидуни тағйироти дистрофӣ
Кӯдакони то 7-сола бо тағйироти дистрофӣ ва амрози дигар
Кӯдакони 7 – 14-сола
Беморони аз 15-сола боло

0,05

0,04

0,04

0,04

0,1

0,08

0,07

0,07

0,15

0,12

0,12

0,1

10 – 12

14 – 15

12 – 14

14 – 16

Бо мақсади пешгирии Л. бояд сагҳои дайду ва касал, кӯрпашшаҳо нест карда шаванд.
Ад.: Қамардинов Х. К, Бемориҳои сироятӣ, Д., 2000; Камардинов Х. К., Инфекционные болезни человека, Д., 2005; Ҳамон муал., Инфекционные и паразитарные болезни человека, Д., 2009.
Х. Қ. Қамардинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …