Главная / Илм / ЛЕЙКОНИХИЯ

ЛЕЙКОНИХИЯ

leykopnikhiyaЛЕЙКОНИХИЯ (Leuconychia), як навъ иллати нохун. Дар мавриди Л. дар рӯи нохун доғ ё рахҳои сафед пайдо шуда, зери онҳо (байни қабатҳои нохун)-ро ҳубобчаҳои ниҳоят хурди ҳаво фаро мегиранд. Л. модарзодӣ ва ғайримодарзодӣ мешавад. Сабаби пайдоиши Л. аниқ маълум нест. Он метавонад дар натиҷаи осеби андаки нохун низ ба вуҷуд ояд. Л. маҳдуд (нохун қисман осеб меёбад), рахмонанд (дар нохун рахҳои сафед пайдо мешаванд), густаришёфта (тамоми сатҳи нохун зарар меёбад) ва нуқтавӣ (дар нохун нуқтаҳои сафед ба вуҷуд меоянд) мешавад. Л. ба онихомикози сатҳӣ монанд аст. Он хоси одамони гирифтори сирояти ВИЧ мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …