Главная / Илм / ЛЕЙКОЭНСЕФАЛИТ

ЛЕЙКОЭНСЕФАЛИТ

leykoensefalitЛЕЙКОЭНСЕФАЛИТ (Leucoencephalitis; аз лейко… ва enkephalos – мағзи сар), энсефалити пайдоишаш вирусӣ, ки дар мавриди он моддаи сафеди майна зарар меёбад. Бештар дар кӯдакони аз 4 то 16-сола дучор меояд. Нишонаи нисбатан бармаҳали Л. ихтилоли рӯҳӣ аст. Минбаъд тадриҷан камақлӣ (деменсия), гиперкинезҳо (ҳаракатҳои ғайриихтиёрӣ) ва ноҷуриҳои вегетативӣ ба вуқӯъ мепайванданд. Баъзан нутқ низ халал меёбад, мариз беасос ва маҷбурӣ механдад, гиря мекунад. Пӯсти мариз равғанин буда, ӯ арақи бисёр мекунад, аз даҳонаш об меравад, харобу лоғар мешавад.
Л.-ро дар беморхона муолиҷа мекунанд. Фарҷоми маризӣ бад аст.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

himsostav-10

Таркиби махсуси химиявӣ

Дар таркиби организмҳои зинда ҳамон элементҳоеро дидан мумкин аст, ки онҳо дар табиати ғайризинда низ …