Главная / Илм / ЛЕЙКОСИТҲО

ЛЕЙКОСИТҲО

leykosithoЛЕЙКОСИТҲО, ҷисмчаҳои сафеди хун; ҳуҷайраҳои беранг буда, ядро ва ситоплазма доранд.Дар таркиби 1 мм3 хуни одами солим 5000 – 8000 (яъне нисбат ба эритроситҳо 600 – 800 маротиба камтар) Л. мавҷуд аст. Л. дар мағзи устухон, гиреҳи лимфа ва сипурз ҳосил мешаванд. Онҳо донадор (гранулоситҳо) ва бедона (агранулоситҳо) мебошанд.
Эозинофилҳо (мас., эозин), базофилҳо (мас., синкаи метилен) ва нейтрофилҳо мансуби Л.-и донадоранд. Миқдори нейтрофилҳо аз таъсири сироят, бемориҳои шадиди шуш ва узвҳои дигари дохилӣ (мас., эндокардит, аппендисит ва ғ.) ва миқдори эозинофилҳо, одатан, бинобар ҳассосияти баланди организм, бештар дар мавриди касалиҳои аллергӣ (экзема, зиқи нафас), киҷҷа, инчунин аз барзиёд истеъмол кардани антибиотикҳо меафзояд. Агранулоситҳо ба лимфоситҳо ва моноситҳо ҷудо мешаванд. Баъзе намудҳои Л. аз рӯи фоиз таносуби муайян доранд, ки формулаи Л. меноманд. Дуруст муайян намудани формула барои ташхиси беморӣ муҳим аст. Миқдори Л. метавонад дар давоми рӯз тағйир ёбад. Ҳангоми кори ҷисмонӣ ва баъзе бемориҳо Л.-и хун зиёд мешаванд (ниг. Лейкоситоз). Камшавии Л.-ро лейкопения меноманд. Л. мавҷудоти ба организм дохилшударо нест мекунанд.

Намуди лейкоситҳо Миқдор
Базофилҳо
Эозинофилҳо
Нейтрофилҳои ҷавон
Нейтрофилҳои қаламчаядро
Нейтрофилҳои сегментядро
Лимфоситҳо
Моноситҳо 0,5 – 1
2 – 4
0 – 1

3 – 5

51 – 67
21 – 35
4 – 8

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …