Главная / Илм / ЛЕПТОСПИРОЗ

ЛЕПТОСПИРОЗ

leptospirozЛЕПТОСПИРОЗ (Leptospirosis), таби обӣ, як навъ бемории шадиди сироятӣ. Ангезандааш лептоспираҳо мебошанд. Лептоспираҳо тақрибан 169 навъу хел доранд. L. icterohaemorrhaqiae, L. canicola, L. tarassovi, L. pomona ва ғ. Дарозиашон 7 – 14 мкм, диаметрашон 0,07 – 0,15 мкм. Бо усули тақсимшавӣ меафзоянд. Лептоспираҳо дар об то 26 ва дар хӯрокворӣ (равған, шир) то 1 – 2 шаборӯз зинда мемонанд. Онҳо ҳангоми ба ғизо андохтани намак, қанд ё дар аснои гарм кардан, маҳв мешаванд. Ба таъсири пенитсиллин, тетрасиклин, левомитсетин тоб намеоранд. Л.-ҳо вобаста ба ангезанда аз ҳамдигар фарқ надоранд, бинобар ин ба хелҳо ҷудо карда намешаванд.
Манбаи сироят ҳайвоноти гуногуни ваҳшиву хонагӣ (мушу калламушҳо, гов, хук, саг) мебошад. Одамони бемор ҳатто ангезандаҳои маризиро хориҷ намоянд ҳам, онро паҳн намекунанд. Ангезандаҳо ба шахси солим асосан тавассути об, гоҳо рустанӣ, хӯрокворӣ, бинобар алоқа бо чорво ё маҳсулоти сироятёфта мегузаранд. Л. бештар маризии касбӣ аст. Ба он асосан дератизаторҳо, ашхосе, ки дар ботлоқҷойҳо кор мекунанд, чорводорон, қассобон, говдӯшҳо, чӯпону подабонҳо гирифтор мешаванд. Маризӣ бештар моҳи август авҷ мегирад.
Ангезандаҳои Л. ба организм тавассути луобпардаи роҳи узвҳои ҳозима, мултаҳима ва пӯст ворид мешаванд. Дараҷаи вазнинии беморӣ ва осеби узвҳо (ҷигар, гурда, силсилаи асаб) аз хели ангезанда дида, ба ҳассосияти шахс бештар вобаста аст. Вале, бо вуҷуди ин, хели ангезанда низ беаҳамият нест. Мас., ҳангоми Л.-е, ки бар асари L. icterohaemorrhaqiae сар задааст, бештар заъфарма ва алоими ҳеморавӣ (хунрез) ба назар мерасанд. Лептоспираҳо бо роҳи гематогенӣ ба узвҳои ретикулоэндотелӣ ворид шуда (бештар дар ҷигар), афзоиш мекунанд ва сипас ба хун мегузаранд. Адади онҳо дар хун хусусан ҳафтаи якуми маризӣ бисёр аст. Лептоспираҳоро ҳатто дар моеъи ҳароммағз мушоҳида кардан мумкин. Охири ҳафта дар хун подтанҳо (антитела) пайдо мешаванд ва лептоспираҳо аз хун баромада дар узвҳо, хусусан дар ҷигар ва гурдаҳо, қарор мегиранд.
Давраи ниҳонии маризӣ 4 – 14 (бештар 7 – 9) рӯз аст. Л. сабук, миёна ва вазнин мешавад. Л.-и вазнин шаклҳои заъфармавӣ, геморравӣ ва иктерогеморравӣ дорад.
Беморӣ ногаҳон падид меояд. Ҳарорат ба 39 – 40°С расида, мариз табларза ва сар дард мекунад, иштиҳо гашта, ташнагӣ ғолиб меояд, хоб гум мешавад; аломати хоси беморӣ – сахт дард кардани мушакҳо, бахусус мушакҳои соқи по мебошад. Дард чунон тоқатфарсост, ки мариз наметавонад роҳ равад. Ҳарорат 5 – 10 рӯз дар сатҳи баланд меистад. Дар баъзе беморон таб пас аз 3 – 12 рӯз такрор меёбад, вале он дер давом намекунад.
Дар мавриди вазнин будани беморӣ аз рӯзҳои 3 – 5 чашм ва сипас пӯст зард мешавад. Ҳангоми ин дар 20 – 50% беморон бусурот (экзантема) рух менамояд. Бусурот дар пӯсти бадан ва дасту по пайдо шуда, ба мисли гулгуна, сурхакон ё махмалак аст. Баъди нопадид гаштани доначаҳо дар ҷои онҳо карахшаи сабӯсакмонанд боқӣ мемонад. Бисёр вақт табхол низ медамад. Брадикардия, кунд шудани оҳанги дил, дар ЭКГ – аломати тағйироти диффузии миокард пайдо мешавад. Рӯзҳои 4 – 5 қариб дар ҳамаи маризон ҷигар ва дар нисфи онҳо сипурз калон мешавад. Дар хун лейкоситози нейтрофилӣ, афзоиши СОЭ ва боқимондаи нитроген, дар пешоб афзоиши сафеда, эритроситҳо, силлиндрҳо ба назар мерасад.
Л.-и сабук бо таби 2 – 3 рӯза оғоз ёфта ба узву системаҳо чандон зиён намерасонад. Ҳангоми шаклҳои вазнини Л. бемор асосан дар натиҷаи нуқси шадиди гурда ва иғмо (кома)-и уремиявӣ мефавтад. Энсефалит, полиневрит, сарсом, миелит, иритҳо, иридосиклитҳо, увеитҳо, ҳамчунин зотулҷанб (пневмония), отитҳо, паротитҳо ва пиелитҳо оризаҳои Л. мебошанд.
Муқаррар кардани шаклҳои сабуки Л. душвор аст. Бисёр вақт онро бо грипп ё амрози шадиди роҳи нафас (ОРЗ) омехта менамоянд. Вале бояд гуфт, ки бемориҳои мазкур дар тобистон бисёр кам дучор меоянд. Рӯзҳои аввали беморӣ лептоспираҳоро дар хун бо микроскоп ошкор кардан мумкин аст. Дар муқаррар сохтани Л. хусусан кишти пешоб, хун, моеи ҳароммағз аҳамияти калон дорад. Ба сифати муҳити ғизо 5 мл об ва 0,5 мл зардоби (сиворотка) харгӯшро метавон истифода бурд.
Усули асосии табобати Л. истифодаи антибиотикҳо ва гамма-глобулини махсус мебошад. Сари вақт оғоз намудани табобат аҳамияти калон дорад, зеро дар ин вақт ангезаҳои маризӣ ҳанӯз дар хун мавҷуданд. Пенитсиллин, тетрасиклин ва окситетрасиклин низ таъин кардан мумкин аст. Антибиотикҳоро 8 – 10 рӯз истифода мебаранд. Дар вақти заҳролудии сахт ва рух намудани аломатҳои хунравӣ антибиотикҳо бо доруҳои кортикостероидӣ якҷо таъин карда мешаванд. Гамма-глобулини лептоспирозиро баъди беҳиссозии қаблӣ истифода мебаранд. Ба варид ҳамчунин 150 – 200 мл маҳлули 4 – 5-фоизаи гидрокарбонати натрий фиристодан лозим. Меъдаро мешӯянд ва маҳлули 2-фоизаи гидрокарбонати натрийро ҳуқна мекунанд.
Аз ифлосӣ ҳифз намудани манбаъҳои об, оббозӣ накардан дар ҷойҳое, ки ангезаҳои беморӣ паҳн шудаанд, наошомидани оби кӯлу ҳавзҳо, нест кардани мушу калламушҳо, ҳангоми кор дар ботлоқзор ва нигоҳубину куштани чорво пӯшидани либоси махсус, ҷӯшонида истеъмол кардани шири чорвои касал роҳҳои асосии пешгирии Л. мебошанд. Беморон барои одамони солим хавфнок нестанд.
Ад.: Қамардинов Х. К, Бемориҳои сироятӣ, Д., 2000; Камардинов Х. К., Инфекционные болезни человека, Д., 2005; Ҳамон муал., Инфекционные и паразитарные болезни человека, Д., 2009.

Х. Қ. Қамардинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …