Главная / Илм / АТОНИЯ

АТОНИЯ

6415b917-8516-459f-8e43-1b40d800d122_670x0_resizeАТОНИЯ (аз а – ҳиссачаи инкорӣ ва tonia – бемадорӣ, беқувватӣ), бениҳоят суст шудан ё барҳам хӯрдани фаъолияти мушакҳо ва узвҳои дохилии организм. А. дар натиҷаи бемориҳои сироятӣ, ихтилоли фаъолияти ғадудҳои эндокринӣ, хароб гаштани системаи асаб, норасоии ғизо ва ғ. сар мезанад. Ҳангоми А. узви бемадор вазифаи худро адо карда наметавонад. Аз узвҳои дохилӣ бештар А.-и меъда (ихтилоли ҳазми хӯрок ё гувориш) ва рӯда (қабзияти тӯлонӣ) ба мушоҳида мерасанд; А.-и бачадон дар мавриди зоимон боиси ноҷуриҳо ва хунравии зиёд мешавад. А. модарзодӣ ҳам шуданаш мумкин аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …