Главная / Илм / АТРЕЗИЯ

АТРЕЗИЯ

atreziyapishevodaunovorozhdennixprichini_470ecc9aАТРЕЗИЯ (аз а – ҳиссачаи инкорӣ ва юн. tresis – сӯрохӣ), тамоман набудани сӯрохии табиӣ ё баста шудани он дар узвҳои найчамонанди бадан (аорта, артерияҳои шуш, ҳалқум, нои нафас, сурхрӯда, рӯда, мақъад, маҳбал, гарданаи бачадон ва ғ.). А. модарзодӣ ва ғайримодарзодӣ мешавад. А.-и модарзодӣ дар натиҷаи инкишофи нодурусти ҷанин дар батни модар, А.-и ғайримодарзодӣ аз асари газак, зарбу лат, осеб (мас., дар натиҷаи аз ишқор ё кислота сӯхтани луобпардаҳо) ба вуҷуд меояд. А.-и модарзодӣ дар баъзе мавридҳо (мас., А.-ҳои аорта, нои нафас, рӯда, роҳи шоша ва ғ.) сабаби ҳалокати кӯдаки навзод мегардад. Бинобар ин зарурати ҷарроҳӣ ба миён меояд.

Инчунин кобед

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе - пойтахтиТоҷикистон

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон

Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …