Главная / Илм / АТСЕТОН

АТСЕТОН

1200px-aceton-svgАТСЕТОН (CH3COCH3), диметилкетон, моеъи беранг, бӯи хос дорад; ҳарор. ҷӯш. 56,2°С, ҳарор. гуд. – 94,9°С. Дар об, спирт ва эфир нағз ҳал мешавад.
А. дар таркиби маҳсули буғронии хушки чӯб мавҷуд аст. Дар саноат онро бо роҳи аз карбонати сери тафсон борҳо гузаронидани буғи кислотаи атсетат, ҳамчунин бо роҳи дегидрогенонии спирти изопропил (ба сифати катализатор порчаи биринҷӣ истифода мешавад) истеҳсол мекунанд. Бо роҳи таҷзияи бактериявии карбогидратҳо (крахмал, декетрин, малтоза) ҳосил кардани А. низ маълум аст. Зери таъсири Bacterium atcetoacthylicum аз крахмал 10 – 30% спирт ва 6 – 10% А. ба даст оварда мешавад. Ҳини таъсири Bacillus macerans аз крахмал бо миқдори зиёд А. ҳосил мегардад.
А.-ро дар пешоби беморони касалии қанд (диабет) ошкор мекунанд. Дар 100 мл хун 1 – 2 мг А. мавҷуд аст; дар миқдори умумии шаборӯзии пешоб 0,01 – 0,03 г А. ёфт мешавад. Ҳангоми ихтилоли мубодилаи моддаҳо дар таркиби хун ва пешоб миқдори А. меафзояд (онро бо усулҳои Легал ва Либен муқаррар месозанд). Аз А. зери таъсири хлор ё йод ва ишқор хлороформ ва йодоформ ҳосил кардан мумкин аст. А. ашё барои синтези доруи хобовар – сулфонал мебошад. Баҳри ин А.-ро бо этилмеркарбон пайваст намуда, сипас меркаптоли ҳосилшударо бо перманганати калий оксид мекунанд. А. бо хлороформ пайваст шуда, моддаи антисептикӣ – хлорэтон (СНз)2С(ОН)ССl3 ҳосил менамояд. Ниг. низ Заҳролудӣ.
Т. Идрисов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …