Главная / Илм / АТСЕТИЛЕН

АТСЕТИЛЕН

50АТСЕТИЛЕН, карбогидриди беҳад (носер), гази беранг, бӯи пасти эфирӣ дорад; ҳарор. гуд –81,8°С, ҳарор. ҷӯш. –83,8°С. А.-ро аввалин шуда Э. Деви (1836) дар натиҷаи таъсири об ба карбиди калий кашф кардааст. С-ҳои 1859 – 1860 Бертло ҳангоми аз найчаи тафсон гузаронидани моддаҳои гуногун (этилен, спиртҳои метил ва этил, эфир) онро аз нав кашф намуд.
А. бо алангаи равшан ва дуд месӯзад. Омехтаи А. бо ҳаво моддаи тарканда аст. Сабаби асосии ба табаддулоти химиявӣ дучор шудани А. карбогидриди беҳад будани он аст. А. ашёи муҳими техникӣ буда, дар соҳаҳои гуногуни саноат ва хоҷагии халқ ба кор меравад. Он дар кафшери автогении металлҳо, ҳосил кардани алдегид, ангидрид ва кислотаи атсетат, атсетон, спирт, бутадиен, каучуки синтезӣ, зифт ва бисёр маҳсулоти муҳими техникии диг. истифода мешавад.
Нишонаҳои заҳролудӣ аз А.: ба ҳаяҷон омадан, ташаннуҷи мушакҳо, фалаҷӣ, ки гоҳо бо марг меанҷомад. Ҳангоми заҳролудӣ аз А. ба ҷабрдида нафаси сунъӣ додан лозим аст; ҳамчунин метавон оксигенро бо омехтаи 3 – 5% гази карбонат ингалятсия намуд. Гарм кардани ҷабрдида ва тазриқи дохиливаридии глюкоза низ муҳим аст.
Баҳри ҷилавгирии заҳролудӣ аз А. риояи қоидаҳои бехатарии меҳнат ҳатмист.
Ш. Самиев.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …