Главная / Илм / АТРОПИН

АТРОПИН

atropine-svgАТРОПИН, алколоидест, ки дар таркиби растаниҳои оилаи ангури сагак (шоҳдона, шобезак, банги девона ва ғ.) дучор меояд. Дар тиб маҳлули обии намаки сулфати А.-ро барои рафъи ихтилоҷи мушакҳои суфта (ҳангоми бемории захми меъда, рӯда, роҳҳои талха, зиқи нафас ва ғ.), инчунин васеъ намудани гавҳарак (дар вақти муоинаи рефраксияи чашм) ва чун подзаҳр (дар мавриди заҳролудӣ аз морфин, атсетиллелин, карбохолин ва ғ.) истифда мебаранд. Аломатҳои заҳролудӣ аз А.: сахт ба ҳаяҷон омадан, васеъ шудани гавҳараки чашм, тез шудани набз ва ғ. Дар ин гуна ҳолатҳо ба бемор кумаки фаврӣ расонда, меъдаро бо об ё обу ангишти фаъол шустан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …