Главная / Илм / АТСА

АТСА

15-4ihanie_490_310АТСА (Sternumentum), аксуламали муҳофизатиест, ки ангезандаҳо (буғи моддаҳои химиявии тезу тунд, чанг, ҷисмҳои бегона, луоб ва ғ.)-ро аз ҷавфи бинӣ дур, ҳамчунин ба роҳҳои нафас дохил шудани онҳоро пешгирӣ мекунад. Ангезандаҳо ба ретсепторҳои ҳассоси асаби сегонаи воқеъ дар ҷавфи бинӣ таъсир мерасонанд. Дар натиҷа беихтиёр нафаскашии чуқур ба амал меояд. Сипас коми нарм боло шуда, сӯрохи даруни биниро руст мекунад, дар натиҷа фишори дохили қафаси сина меафзояд. Пас аз ин сӯрохи даруни бинӣ якбора воз гашта, нафас аз бинӣ тез мебарояд. Моддае, ки луобпардаро меангехт, якҷоя бо ҳаво аз бинӣ дур мешавад. Бояд дар хотир дошт, ки А. метавонад аломати амрози сироятии роҳи нафас низ бошад, бинобар ин ҳангоми атса задан, биниро бо дастрӯймол пӯшондан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …