Главная / Илм / АТСИДОЗ

АТСИДОЗ

4ba82e0addf0afbac4f0311a6607057fАТСИДОЗ (Acigosis; аз лот. acidus – турш), сертуршӣ, хунукмизоҷӣ, ҳолати бемориест, ки дар натиҷаи ихтилоли мувозинати туршию ишқор ва дар хуну бофтаҳо барзиёд захира шудани аниони кислотаҳо рух менамояд. А. талофипазир ва талофинопазир мешавад. Ҳангоми А.-и талофипазир анионҳои кислотаҳо чандон зиёд намешаванд. Нишондиҳандаи гидрогенӣ (pH) аз ҳадди эътидол (7,35 – 7,45) паст намефарояд. Дар мавриди А.-и талофинопазир анионҳо зиёд шуда, pH-ро хеле паст мефароранд. Аз ҷиҳати пайдоиш А. мубодилавӣ, нафасӣ, физиологӣ ва ғ. мешавад. А.-и мубодилавӣ дар натиҷаи дар организм барзиёд ҷамъ шудани анионҳои кислотаҳои табхирнашаванда ё талаф ёфтани катионҳои ишқорҳо (мас., дар вақти касалии қанд, гуруснагӣ, кампешобӣ, дарунравӣ, таб) ба вуҷуд меояд. А.-и нафасӣ дар мавриди бо нафас кам хориҷ шудани кислотаи карбонат (мас., дар вақти варам ва газаки шуш, пажмурда шудани шуш, фалаҷи бачагон, заҳролудӣ аз доруҳои наркозӣ ва ғ.) рух менамояд. А.-и физиологӣ хоси навзодҳо буда, аз лаҳзаҳои аввали таваллуд маълум мегардад. Аломатҳои А.: хоболудӣ, гарангӣ, иғмо, нафасгирии номӯътадил, номураттабии кори дил, рагҳо, гурда ва ғ.
А.-и мӯътадил ва ҷуброншаванда, одатан, бидуни ягон аломату нишона ҷараён меёбад. Онро фақат дар мавриди тадқиқи хун ва таркиби пешоб муқаррар кардан мумкин аст. Яке аз аломатҳои нахустини амиқ гаштани А. тез шудани нафаскашӣ мебошад, ки минбаъд ба дамкутаҳӣ оварда мерасонад. А. боиси афзудани миқдори катехоламинҳо дар хун мешавад. Аз ин рӯ дар мавриди хуруҷи он фаъолияти дил пурзӯр, набз тез, фишори хун баланд мегардад. Бо мақсади муолиҷаи А. сабабҳои онро рафъ сохтан лозим аст (мас., истифодаи инсулин ҳангоми касалии қанд).

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …