Главная / Илм / АСПЕРГИЛЛЁЗ

АСПЕРГИЛЛЁЗ

porazhenija-kozhi-u-bolnyh-aspergillezomАСПЕРГИЛЛЁЗ (Aspergillosis), бемориест, ки асосан ба бронхҳои шуш осеб мерасонад. Ангезандаи А. занбӯруғҳои мағор мебошанд. Сироят дар натиҷаи нафас кашидани спораҳои занбӯруғ ҳангоми кор бо ғалладонагиҳои мағорзада ба вуқӯъ мепайвандад. А. бисёр вақт дар заминаи бемории сил, саратони шуш, бронхоэктаз, киста ва ғ. пайдо мешавад. Табу тасф кардани одам, сурфа, балғами чирколуд ва хунпартоӣ нишонаҳои беморӣ маҳсуб меёбанд. А.-и пӯст низ мавҷуд аст. Одам ба он дар натиҷаи таъсири занбӯруғи мағор (тавассути пӯст ва луобпардаҳо) сироят меёбад. Ҳолатҳои аз шахс ба шахс гузаштани А.-и пӯст ба мушоҳида нарасидаанд.
Бо мақсади пешгирии беморӣ ҳангоми кор дар анборҳои ғалла ва корхонаҳои бофандагӣ респиратор пӯшидан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …