Главная / Илм / АСИРАК

АСИРАК

reseda-odorata-fl-mhassler2АСИРАК (Reseda odorata), асираки атрбӯ, асираки боғӣ, асираки бӯё, як намуди гули хушбӯй. Пояаш рост (баландиаш 15 – 40 см), сершоху барг (баъзан дар рӯи замин мехобад); баргаш сода, яклухт, байзашакл. Гулаш хушбӯй, майда, сабзи зардча ё сафед, дуҷинса. Хӯшагулаш аҳромшакли сершукуфа. Июн – июл гул мекунад (то фаро расидани сармои тирамоҳ аз гул намефарояд).
А. сармобардор ва рушноипарвард аст. Барои кишти он ҷои офтобрӯя ва замини ҳосилхезу серрутубат лозим. Онро аз тухм месабзонанд ва моҳи июн кӯчат мекунанд (масофаи байни ниҳолҳоро 15 – 20 см гузоштан лозим). Гули А. равғани эфири хушбӯй дорад, ки ашёи пурқимати атриёт аст.
А. гиёҳи доруист. Бо мақсади табобат баргу поя, гул ва решаи онро кор мефармоянд. Мардуми Осиёи Марказӣ нақеъи решаи А.-ро чун давои киҷҷарон истифода мекунанд, нақеъи баргу пояашро ҳамчун воситаи арақрон ва пешоброн муфид мешуморанд. Бо ин мақсад 1 қошуқ «алаф» – и майдакардаи онро дар 1 истакон оби ҷӯш чой карда, болои зарфро пӯшида мемонанд. Пас аз як соат даворо полонда рӯзе 3 – 4 маротиба 2 қошуқӣ (пеш аз таом) истеъмол мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …