Главная / Илм / АСКАРИДАҲО

АСКАРИДАҲО

957349АСКАРИДАҲО (Ascarididae), як гурӯҳи лундакирмҳо, ки дар рӯда зиндагӣ мекунанд. Дарозии А.-и нарина 15 – 20 см ва модина 25 – 40 см мешавад. Аскаридаи модина дар як шабонарӯз то 250 ҳаз. тухм мегузорад. Аз тухмҳое, ки ба воситаи хӯрок ё об ба узви ҳозима роҳ меёбанд, кирмина (личинка)-ҳо ба вуҷуд омада, онҳо тавассути девораи рӯда аз рагҳои хун ба дил, шуш, нои нафас, даҳон ва боз ба меъда ворид мешаванд. Кирминаҳо дар рӯдаи борик болиғ шуда, баъд аз 2 – 2,5 моҳ тухм мегузоранд. Аскаридаи одам (Ascaris lumbricoides) ангезандаи бемории аскаридоз мебошад.
Бо мақсади сироят наёфтан аз А. ба қоидаҳои беҳдошт ҳатман риоя карда, маҳалҳои аҳолинишин бояд тозаю озода нигоҳ дошта шаванд, ахлотҳоро дар ҷойҳои махсус безарар гардондан лозим аст. Меваю сабзавотро қабл аз истеъмол ҳатман бо оби тоза шустан даркор.
Ад.: Камардинов Х.К., Тропические и паразитарные болезни человека, Д., 2003.
А. Исмоилов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …