Главная / Илм / АСКАРИДОЗ

АСКАРИДОЗ

stadii-askaridoza-u-chelovekaАСКАРИДОЗ (Ascaridosis), бемориест, ки онро лӯндакирмҳо – аскаридаҳо ба вуҷуд меоранд. Аскаридаҳо кирмҳои калони гуногунҷинс буда, дар рӯдаи борики одам сукунат доранд. Одам ягона манбаи сироят аст.
Аскаридаи модина дар як шаборӯз то 250 ҳаз. тухм мегузорад, ки бо пасафканди бемор хориҷ мешавад. Ҳангоми набудани ҳоҷатхонаҳои обод ва вайрон кардани қоидаҳои беҳдошт, тухмҳои аскарида ба воситаи ахлот дар гирду атрофи хона, ҳавлӣ, полез, боғу дарахтон паҳн шуда, сабзавоту меваҳоро ифлос мекунанд. Тухми аскаридаҳо дар рӯи замин ва қабатҳои болоии хок дар ҳарорати 10 – 360 С ва рутубати кофӣ баъд аз 2 – 6 ҳафта болиғ мешавад (барои инкишофи онҳо 240 С ҳарорати муносиб буда, тухм баъд аз 14 рӯз болиғ хоҳад шуд). Тухми аскарида ба таъсири шароити номатлуб ниҳоят тобовар аст (дар зери барф дар сармои то 30оС қобилияти зистан дорад). Дар ноҳияҳои иқлимашон мӯътадил дар чуқурии 20 см то 5 – 7 сол зинда мемонад. Тухмҳое, ки инкишофашон дар тирамоҳ ба охир нарасидааст, зимистонро гузаронида, дар фасли баҳор болиғ мешаванд.
Одам аз А. дар натиҷаи истеъмоли сабзавоту меваи ношуста, нӯшидани оби наҷӯшида, аз дасти ифлос сироят меёбад. Сироят мавсимӣ буда, дар мавзеъҳои иқлимашон мӯътадил то 7 моҳ (аз апр. то ноябр) давом мекунад. Мавсими зимистон сироят аз сабзавоти гармхона ё тавасути пойафзол ба хона овардани тухми аскарида рӯй медиҳад. Сироят дар ноҳияҳои иқлимашон сард 2 – 3 моҳ ва дар мавзеъҳои гармсер тамоми сол тӯл мекашад. А. дар ҷойҳое, ки пасафканди одамро безарар накарда, чун пору дар боғу полезҳо истифода мебаранд, бештар паҳн шудааст. Тухмҳои аскаридаи болиғ ба рӯдаи одам ворид шуда, аз онҳо кирминаҳо ба вуҷуд меоянд. Кирминаҳо луобпардаи рӯдаро сӯрох карда, тавассути ҷараёни хуни варид (вена) ба роҳҳои нафас мегузаранд, баъд ба ҷавфи даҳон омада, бо оби даҳон аз нав ба рӯдаи борик дохил мешаванд ва дар он ҷо ба кирми болиғ табдил меёбанд. Тамоми сикли (даври) инкишофи аскарида – аз вақти сирояти одам то дар пасафканди ӯ пайдо шудани тухми насли нави он 2,5 – 5 моҳ тӯл мекашад.
А. ду давра (аввал ва охир) дорад. Давраи аввалро давраи кӯчӣ (то ба рӯдаҳо такроран афтодани кирминаҳо) ва давраи дуюмро давраи рӯдагӣ ном мебаранд. Дар давраи аввали беморӣ, одатан, аломати зоҳирӣ пайдо намешавад. Баъзан беморон беҳолӣ, сулфа ва табу тасф мекунанд, аҷаб нест ба саглес гирифтор шаванд. Дар марҳалаи охирин беморон аз беҳузурии дил, беҳолӣ, дарди шикам шикоят мекунанд, дар сари дил гаронӣ эҳсос шуда, оби даҳон меравад, иштиҳо мебандад, сар ба дард медарояд, бемадорӣ, баъзан шабҳаросӣ (шабтарсӣ) рух менамояд. Бачагон дар хобашон дандон мехоянд; бемориҳои бронхит, нафастангӣ, камхунӣ сар мезананд. А. боиси асабонӣ ва парешонхотирии кӯдакон ва кундзеҳнии мактаббачагон мегардад.
Аскаридаҳо ба талхадон ва роҳҳои талха ворид шуда, бемориҳои холесистити мадданок, думбали ҷигар, перитонит ва уфунатро ба вуҷуд меоранд. Пас аз ба маҷрои ғадуди зери меъда дохил шудани онҳо панкреатити шадид ва агар ба рӯдаи кирмшакл дохил шуда бошанд, аппендитсит пайдо мешавад. Миқдори зиёди аскаридаҳо боиси руст шудани рӯдаҳо мегардад. А. ҷараёни исҳоли хунин, тифи шикам, сурхча, махмалак ва диг. бемориҳои сироятиро вазнинтар менамояд.
А.-ро мувофиқи тавсияи духтур муолиҷа бояд кард. Агар бемор саривақт ба духтур муроҷиат карда, доруи киҷҷаронро истеъмол намояд, табобат осон мешавад. Вале тӯл кашидани беморӣ муолиҷаи дуру дарозро талаб мекунад; дар мавриди ба холесистити мадданок, перитонит, инсидод (басташави)-и рӯдаҳо гирифтор шудан, ҷарроҳӣ лозим аст. Истеъмоли худсаронаи давоҳои наботӣ ва доруҳои дарунрон аскаридаҳоро нест накарда, баръакс сабаби оризаҳои вазнини беморӣ мегардад.
Мубориза бар зидди А. аз муоинаи умумии аҳолӣ ва ба онҳо таъин намудани муолиҷаи махсус, ободонии маҳаллҳои аҳолинишин, ҳифзи санитарии манбаи об, хок, корҳои маорифи санитарӣ ва ғ. иборат аст. Дар пешгирии А. риояи қоидаҳои беҳдошти шахсӣ (мас., пеш аз истеъмоли хӯрок, баъди қазои ҳоҷат ва пас аз кор дар боғ, полиз ва ғ. бо собун шустани дастон) ва тоза нигоҳ доштани манбаъҳои обу ҳоҷатхонаи ҳавлиҳо аҳамияти калон дорад. Ахлотро аввал бо усули компосткунонӣ безарар гардонда, баъд чун пору истифода бояд бурд. Дар мавриди бо пасафканди одам ифлос шудани хоки ҳавлиҳо, ҳаёта, боғу полизҳо наҷосатро якҷоя бо қабати хок нест мекунанд. Дар ҷои ифлосшуда як қабза коҳ ё коғазро сӯзондан ё ба замин оби ҷӯш рехтан лозим аст. Сабзавоту меваҳоро пас аз хуб шустан ва бо оби ҷӯш чайқонидан истеъмол бояд кард. Кӯдаконро то ҳадди имкон барвақттар ба риояи қоидаҳои гигиенӣ (истифодаи тубак, бо собун шустани даст, ба даҳон нагирифтани ангушт, нахоидани нохунҳо ва ғ.) одат кунондан зарур аст. Ниг. низ Гелминтозҳо.
Ад.: Покровский В.И., Инфекционные болезни и эпидемиология, М., 2004; Камардинов Х.К., Инфекционные и паразитарные болезни, Д., 2009.
Ш. Тошева.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …