Главная / Илм / АСОБАҒАЛ

АСОБАҒАЛ

db7ca055-fa58-4442-a2fc-8bb6f7f5269a_cx0_cy19_cw0_w1023_r1_sАСОБАҒАЛ, асо, олотест, ки ҳангоми беморӣ, иллати пой ё сутунмӯҳра роҳ рафтанро осон мекунад. А. имкон медиҳад, ки бори сутунмӯҳра ё пои маҷрӯҳ ба даст гузарад. А. ду хел мешавад: А.-е, ки барои панҷаи даст ва зери каш такягоҳ дорад ва А.-е, ки такягоҳаш барои панҷа ва банди даст аст.
А.- и якум васлшаванда буда, дарозии онро вобаста ба қади бемор тағйир додан мумкин аст. Чунин А.-ро аз чӯби сахт ё оҳан тайёр мекунанд. Он аз ду пояи дастадор (такягоҳ) барои зери каш (дар боло) ва даста барои панҷаи даст, ки бо мурват ба миёнаҷои пояҳо устувор мекунанд, иборат мебошад; дастаро мувофиқи хоҳиш боло ё поён кардан мумкин аст. Ба такягоҳи зери каш намаду чарм медӯзанд. Пояҳо дар поён бо ду мурват ба пояи асосӣ васл шудаанд. Дар нӯги пояи асосӣ ғилофаки резинӣ насб шудааст, ки аз лағжидан эмин медорад. А. набояд аз ҳад баланд ё паст бошад. А.-и аз ҳад баланд пӯстро обиладор ва асабу рагҳои зери кашро иллатнок мекунад. А.-и паст бошад, ҳангоми роҳ рафтан ноустуворӣ ба амал меорад, зеро вазни бадан ба панҷа гузашта, шахс зуд хаста мегардад.
А.-е, ки барои панҷаю банди даст такягоҳ дорад, одатан, васлнашаванда аст; онро фақат мувофиқи андоза ва аз металл месозанд. Ин гуна асо аз такягоҳи беҳаракат (барои панҷаи даст) ва оринҷмонак (дар қисми болоӣ) таркиб ёфтааст. Оринҷмонак бояд баробари сеяки банди даст бошад. Ба рӯи оринҷмонак ва такягоҳи панҷаи даст чарм медӯзанд. Ин намуди А. барои одамони бақуввату мушакҳои дасташон пурзӯр мувофиқ аст.
Бо қоидаҳои истифодаи А. беморро духтур ё инструктори варзиши шифоӣ шинос мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …