Главная / Илм / АНГИОПУЛМОНОГРАФИЯ

АНГИОПУЛМОНОГРАФИЯ

angiopulmonografiaАНГИОПУЛМОНОГРАФИЯ, ангиопневмография, тадқиқи рентгенологии рагҳои хунгардиши хурд. Ҳангоми А. ба раг моддаи контрастӣ мефиристанд (верографин, урографин, кардиотраст ва ғ.). А. бо мақсади омӯзиши фаъолият ва сохтори анатомии рагҳои шуш дар мавриди бемориҳои гуногун ба амал оварда мешавад. А.-ҳои умумӣ ва интиҳоиро фарқ мекунанд. Ҳангоми А.-и умумӣ моддаи контрастиро ба венаи канорӣ, дар аснои А.-и интихобӣ ба артерияи шуш ва дар вақти А.-и интиҳоӣ ба раги ҷойи осебёфта мефиристанд. А.-ро зери таъсири беҳиссозӣ ва баъзан наркоз мегузаронанд. Зонд бисёр вақт аз венаи рон ё зери чанбар фиристода мешавад. Оризаҳои А. хеле кам ба мушоҳида мерасанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …