Главная / Илм / АНГУДОН

АНГУДОН

angudonАНГУДОН [(Ferula foetida (≈ F. assa-foetlida)], анҷудон, анғӯза, гандабӯ, каврак, гиёҳест худрӯи бадбӯй (махсусан беху мевааш). Бехаш турбмонанд, ғафс. Пояаи рост (то 120 см қад мекашад), ғафс (қутраш 5 – 8 см) ва камшох дорад. Баргаш нарм (рӯяш бепашмак, пушташ серпашмак), зуд пажмурда мешавад; барги бехи пояаш нисбат ба баргҳои қисми болотари поя калон (дарозиаш то 40 см), думчадор. Гулаш зардча (моҳҳои март – апр. мешукуфад). Асосан дар минтақаи шибоғ, боялиҷу ушнонзори биёбон, алафзори дашт, саксавулзор, регзор, доманакӯҳи зардхок ва гилхоку регхоки воҳаи д. Сир ва Тоҷикистони Ҷанубӣ (дар баландии 350 – 900 м аз с. б.) нумӯ меёбад. Дар баъзе маҳалҳо анбӯҳи А. масоҳати нисбатан васеъро фаро мегирад. А. дар шароити табиӣ аз тухмаш руста, соли 8 – 9-ум як маротиба гул мекунад, сипас тамоман нобуд мешавад.
Самғ ва шираи хушки беху пояи А. аз қадим бо номи «хилтит» дар тибби Шарқ машҳур аст. Онро дар байни бисёр кишварҳои Шарқу Ғарб харидфурӯш мекарданд. Дисқуридус (Диоскорид; а. 1 м.) хабар додааст, ки решаву пояи А.-ро бурида, шираашро ҷамъ меоваранд, беҳтарини он бояд соф, сафедтоб бошад ва зуд ҳал шавад. Абӯалӣ Сино самғи А.-ро (бо омехтаи дигар доруҳо) барои муолиҷаи дарди мафосил, фалаҷ, ярақон, захми рӯда ва касалиҳои пӯст (шукуфа, думбал ва ғ.) истифода мебурд.
Табибони халқӣ бо самғи А. саръ, савдоӣ, зиқи нафас, сил, рагкашӣ, хала, миёндард, ҷароҳати бадан, касалиҳои пӯст (мас., песӣ) ва ғ.-ро табобат мекарданд; барги навсабзашро бо ҷурғот омехта, ба шахсони гирифтори «оташак» ва саратон медоданд. Бехашро зери оташ карда, ба омос мебанданд; самғаш киҷҷаро меронад. Пояи сероби навраси А.-ро (монанди ров, рошак, касруф) қазоқҳо мехӯранд, обаш ташнагиро мешиканад. Форсҳо ва ҳиндиҳо самғашро чун хуриш ба таом меандозанд.
Ад.: Флора Таджикской ССР, т. 7, Л., 1984; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …