Главная / Илм / АНГИОМА

АНГИОМА

angiomaАНГИОМА (Angioma; аз ангио… ва …ома), омосест ғайрисаратонӣ. Аз рагҳои хунгузар (гемангиома) ва лимфавӣ (лимфангиома) ба вуҷуд меояд. А. дар узву бофтаҳои гунгогун (пӯст, насҷи зери пӯст, ҷигар, мушакҳо, устухон, майна, гурда) пайдо мешавад; баъзан ба миқдори зиёд нуму меёбад. Дар мавриди бисёр будани А. онро ангиоматоз меноманд. Беморӣ бештар дар кӯдакон ба мушоҳида мерасад. А. омоси шаклу андозааш гуногун аст. Ранги гемангиома сурх ё сурхи кабудча мешавад; лимфангиома омоси беранг мебошад. А.-е, ки бофтаҳои пайвандии бисёр дорад, ангиофиброма меноманд.
Муолиҷаи А. бо усули ҷарроҳӣ аст. Агар бурида дур кардани он имконнопазир бошад, аз термо- ва электрокоагулятсия, криотерапия, табобат бо изотопҳои фосфор, кобалт ва сезий истифода мебаранд. Ниг. низ Омос.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …