Главная / Илм / АНГИОСАРКОМА

АНГИОСАРКОМА

angiosarkomaАНГИОСАРКОМА (Angiosarcoma), омоси рагҳо. Табиати саратонӣ дошта, кам ба мушоҳида мерасад. Тақр. 60%-и беморӣ пӯст ва бофтаҳои нарм, тақр. 40%-и он ҷигар, устухонҳо, сипурз ва ғадуди ширро фаро мегирад. Ҳама навъи А.-ҳо аз ҳуҷайраҳои эндотелий ба вуҷуд меоянд. А., одатан, дар сар, гардан, қисми мӯйдори сар, баъзан дар ҷоғи боло ва поён, бодомакҳо, ханҷара падид меояд. Бештар дар мардҳои калонсол (аз 60-сола боло) ба назар мерасад (занҳо ду баробар камтар мариз мешаванд).

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …