Главная / Илм / АНГИОКАРДИОГРАФИЯ

АНГИОКАРДИОГРАФИЯ

angiokardiografiiaАНГИОКАРДИОГРАФИЯ (аз ангио…, кардио… ва …графия), ба даст овардани тасвири рентгении артерияҳо, венаҳо ё ҷавфи дил баъди ба онҳо равон сохтани моддаҳои контрастӣ. А. имкон медиҳад, ки хусусиятҳои анатомӣ ва тағйироти бинобар бемориҳо рухнамуда, ҳамчунин самти ҳаракати хун дар узвҳои мазкур ошкор карда шавад. Ба сифати моддаи контрастӣ аз пайвастҳои йод истифода мекунанд. Дар мавриди гумонбарӣ аз ягон иллат, мас., нуқси девораи байни пешдилҳо, моддаи контрастиро ба ҷойи осебёфта ё ба камера бо фишори нисбатан зиёд равон месозанд. Ҳангоми аз нигоҳи техникӣ пеш омадани ягон душворӣ (барои дуруст ҷой гирифтани катетер мамониат мекунад) моддаи контрастӣ ба ҷойи осебёфта ҳарчи наздиктар фиристода, ҳаракати он дар навор қайд карда мешавад. Солҳои охир бо мақсади А. аз компютерҳо истифода мебаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …