ВЯЛУШКИН Борис Яковлевич (02. 03. 1937, деҳаи Малая Карайи вил. Саратови Россия – 02. 06. 1998, ш. Душанбе), духтури кӯдакон, доктори илми тиб (1980), проф. (1983). Хатмкардаи Донишкадаи 2-юми тиббии Москва ба номи Н.И. Пирогов (1960). Ординатори клиникӣ, аспирант, ходими хурди илмӣ, ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи педиатрии АИТ ИҶШС (1960 – 82), ҷонишини директори Пажӯҳишгоҳи ҳифзи модару кӯдаки Вазорати тандурустии ҶШС Тоҷ. (1982 – 83), мудири кафедраи таълими бемориҳои кӯдакони ДДТТ (1983 – 96). Муаллифи зиёда аз 100 асару мақолаҳои илмӣ. Таҳти роҳбарии ӯ 12 наф. рисолаи номзадӣ ва 2 наф. рисолаи докторӣ дифоъ намудаанд. Бо медали «Барои меҳнати шоён» сарфароз гаштааст.
Tags Тиб Шахсони машҳур
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон
Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …