Главная / Илм / ВУЛВИТ

ВУЛВИТ

vulvitВУЛВИТ (Vulvitis), газаки узвҳои таносули берунӣ (фарҷ) ва маҳбал. Бештар дар духтарбачаҳо ва занҳои солхӯрда дучор меояд (ба хусусиятҳои физиологӣ дар ин синну сол вобаста аст). Нишонаҳои В.: хориши атрофи фарҷ, ҳисси дард (ҳангоми роҳ гаштан зӯртар мешавад), сурх шудани пӯсти узвҳои таносул, пардаи бакорат, баъзан сатҳи дарунии рон ва сурини зан. Одатан, аз табобати саривақтӣ зудтар сиҳат меёбад. Дар акси ҳол беморӣ музмин шуда, давра ба давра авҷ мегирад, девораи пешу ақиби маҳбал, лабҳои фарҷи духтарчаҳои 3 – 4 сола ба ҳам мечаспанд. В.-ро микробҳои гуногун (бештар стафилококкҳо, стрептококкҳо, баъзан қаламчамикроби касалии хуноқ, гонококкҳо) ва занбӯруғҳо ба вуҷуд меоранд.
В. шадид ва музмин мешавад. Дар мавриди В.-и шадид узвҳои ҷинсии беруна хоришу сӯзиш менамоянд, парда ва луобпардаи вулва сурх шуда, клитор ва лабҳои хурди маҳбал варам мекунанд. Риоя накардани қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, осеб дидани пӯсти фарҷ ва пардаҳои луобии маҳбал (кафидагӣ, ҷои харошхӯрда), таъсири обияти маҳбал, инчунин амрози музмин (мас., тонзиллит, пиелонефрит), ихтилоли мубодилаи моддаҳо (фарбеҳӣ, диабети қанд), ки фаъолияти муҳофизии организмро суст мекунанд, ба пайдоиши В. мусоидат менамоянд. Суст шудани фаъолияти гормони тухмдон, ки бинобар «худро тоза кардан»-и маҳбал халал меёбад (яъне кислотаи шир, ки микроорганизмҳои бемориоварро нобуд мекунад, кам ҳосил мешавад), омили асосии инкишофи В. аст. Дар мавриди гумонбар шудан аз В. беътахир ба духтур муроҷиат кардан лозим.
Бо мақсади табобати В. бояд сабаби онро рафъ кард. Дар мавриди В.-и шадид ва хуруҷи В.-и музмин аъзои таносулро рӯзе 2 – 3 маротиба бо ҷӯшоби бобуна ё маҳлули фуратсилин (1: 5000) шустан даркор. Риояи парҳез ва худдорӣ кардан аз истеъмоли ғизои тунд ҳатмист. В.-е, ки бар асари бемориҳои сӯзок, трихомоноз ва сил сар задааст, табобати махсус мехоҳад. Дар давраи муолиҷаи В. бояд аз алоқаи ҷинсӣ худдорӣ карда шавад.

М.Ф. Додхоева.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …