Главная / 2018 / May (страница 12)

Архив Месяца: May 2018

Пайғамбаре ояд ба хобат : Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

prorok

Меъроҷиддини Камол менависад: Замоне, ки туӣ дар хоби роҳат, Ягон пайғамбаре ояд ба хобат. Нишонаш порсоиву биҳиштӣ, Ду дунёи ту бошад бо фароғат.

Муфассал »

Пиёз : Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

piez

Меъроҷиддини Камол менависад: Дар хоб агар бинӣ пиёз Дар назди марди бениёз. Таъбир, бо моли ҳаром Фардо бигардӣ сарфароз. Баъзе суханҳои қабеҳ Бар ту расад бар ҷои ноз. Гоҳе пушаймон мешавӣ Аз корҳои карда боз.

Муфассал »

Пашша : Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

pasha

Меъроҷиддини Камол менависад: Пашша худ, к-аз хирагони олам аст, Дар ҳама давру замон бо одам аст. Гар ба хобат бинӣ онро, хайр кун, Чунки рамзи нотавониву ғам аст.

Муфассал »

Шукуфтани гулҳо: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

gulho

Меъроҷиддини Камол менависад: Агар дар хоб бинӣ пуштаҳову марғзоронро, Шукуфтанҳои гулҳои базеби навбаҳоронро, Нишонаш молу ҳолу қуввату дармони ту бошад, Худо такрор созад бар ту дидан хоби ёронро.

Муфассал »

МАРҲАМ

marham

МАРҲАМ, навъе аз даво. Асоси М.-ҳоро равған (вазелин, ланолин, чарбуи хук ва ғ.) ва моддаҳои гуногуни доруӣ (ихтиол, сулфур, дерматол, дёгт, кислотаи салитсилат ва ғ.) ташкил медиҳанд. Таъсири М.-ҳо нисбат ба хамираҳо амиқтар аст. Хусусан М.-ҳое, ки дар асоси давоҳои гуногуни синтезӣ таҳия шудаанд, бештар истифода мегарданд; онҳо ба пӯст …

Муфассал »

МАРҶУМАК

grechka

МАРҶУМАК (Fagopyrum sagittatum), гречка, зироатест маъмул. Пояаш сершохчаи сурхтоб, баландиаш 15 – 100 см. Баргаш секунҷаи найзашакл, гулаш гулобӣ ё гулобии сафед, хушбӯй, гултӯдааш хӯшашакл, мевааш чормағзаки сеқирра. М.-ро ҳанӯз 4 ҳаз. сол пеш кишт мекарданд. Дони М. 10 – 12% сафедаи хушҳазм, 60 – 80% оҳар, 2,5 – 3% …

Муфассал »

МАСКА

maska

МАСКА, як навъ маҳсулоти хӯрокӣ. М. дорои кислотаҳои равғанӣ, миқдори зиёди фосфатидҳо, витаминҳо, ангиштоб, сафеда, об, намакҳои минералӣ буда, организм онро ба осонӣ ҳазм (то 95%) мекунад. Дар 100 г М. 730 ккал мавҷуд аст. М. манбаи витамини А (ба ҳисоби миёна 0,6мг%) буда, витамини D (0,001 – 0,008 мг%), …

Муфассал »

МАСОЛЕҲИ ЗАХМБАНДӣ

zahmbandi

МАСОЛЕҲИ ЗАХМБАНДӣ, захмбанд, маводе, ки барои бастани ҷароҳат ва тайёр кардани бандина истифода мебаранд. Ба сифати М. з. маъмулан пахта ва докаи тамйизшударо кор мефармоянд. Дар баробари ин бинти тӯршакл низ истифода мегардад. Салфетка, бинт ва ношиф (тампон) – ро аз дока тайёр мекунанд. Ба захм бевосита захмбанди тамйизиро мегузоранд; …

Муфассал »

МАСОЛЕҲИ ИЛОВАГИИ ХӯРОКВОРӣ

ilovagi

МАСОЛЕҲИ ИЛОВАГИИ ХӯРОКВОРӣ, моддаҳои табиӣ ва синтезие, ки барои сифату таъми хос пайдо кардани хӯрокворӣ ба кор мебаранд; аҳамияти ғизоӣ надоранд. М. аз рӯи таъинот ба чунин гурӯҳҳо ҷудо мешаванд: моддаҳое, ки ғилзат (консистенсия) ва таъми хӯроквориро беҳтар мекунанд (моддаҳои рангбахш, хушбӯ, хуштаъму ширин, турш, шӯр ва ғ.); моддаҳое, ки …

Муфассал »