Архивы за день : 20.05.2018

МАНСУРОВ Ҳамид Ҳусейнович

mansurov-hamid

МАНСУРОВ Ҳамид Ҳусейнович (тав. 20. 12. 1925, Самарқанд), терапевт, доктори илми тиб (1958), проф. (1961), Узви пайвастаи АИ ҶТ (1978; узви вобаста 1961), Ходими шоистаи илми ҶШС Тоҷ. (1976), дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1981), Мукофоти АИ ҶТ ба номи Е.Н. Павловский (2003). С. 1947, баъди …

Муфассал »

МАНСУРОВА Ирина Ҷафаровна

nophoto

МАНСУРОВА Ирина Ҷафаровна (15. 11. 1925, Бухоро – 06. 04. 1991, ш. Душанбе), духтур ва биохимик, доктори илми тиб (1967), проф. (1969). Донишгоҳи тиббии Самарқандро хатм кардааст (1948). С-ҳои 1951 – 59 ординатори клиникии кафедраи бемориҳои сироятӣ, ассистенти кафедраи биохимияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, с-ҳои 1959 – 76 …

Муфассал »

МАНСУРОВА Фарида Ҳамидовна

mansurova-farida

МАНСУРОВА Фарида Ҳамидовна (тав. 1952, ш. Душанбе), доктори илми тиб (1998), проф. (2007), дорандаи мукофоти АИ ҶТ ба номи Е.Н. Павловский (2003). Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1975). Ординатори клиникии кафедраи терапияи госпиталии ДДТТ (1977), корманди хурд ва калони илмии шӯъбаи ҷигару ғадуди зери меъда (1977 – 84), …

Муфассал »

МАОРИФИ САНИТАРӣ

maorifi-sanitari

МАОРИФИ САНИТАРӣ, паҳн кардани донишҳои тиббӣ ва гигиенӣ; дар байни аҳолӣ бо мақсади нигаҳдорӣ ва пойдор гардондани саломатии онҳо тарбия намудани малакаҳои беҳдоштӣ. Гузарондани корҳои М. с. яке аз вазифаҳои асосии духтурон аст. Дар амалияи М. с. лексияю сӯҳбатҳои кормандони тиб, тарғиби донишҳои тиббӣ ба воситаи матбуот, радио, кино, телевизион …

Муфассал »

МАРВАЗӣ

nophoto

МАРВАЗӣ, Абдурраҳмон Ҳасани Қуттонии Марвазӣ (с. тав. ва ваф. номаълум), табиб, риёзидон ва мунаҷҷими а. 12 форс-тоҷик. Дар ш. Марв таваллуд ёфта, таҳсили илм кардааст. М. оид ба тиб «Расоил фи-т-тиб» (Рисолаҳо роҷеъ ба тиб), «Китобу-р-равзот фи-л-ансоб» (Китоб оид ба насабҳо) ва диг. асарҳо эҷод намудааст. Вай дар асарҳояш усулҳои …

Муфассал »