Главная / Илм / МАСКА

МАСКА

maskaМАСКА, як навъ маҳсулоти хӯрокӣ. М. дорои кислотаҳои равғанӣ, миқдори зиёди фосфатидҳо, витаминҳо, ангиштоб, сафеда, об, намакҳои минералӣ буда, организм онро ба осонӣ ҳазм (то 95%) мекунад. Дар 100 г М. 730 ккал мавҷуд аст. М. манбаи витамини А (ба ҳисоби миёна 0,6мг%) буда, витамини D (0,001 – 0,008 мг%), токоферолҳо (2 – 5 мг%) дорад.
М. дар Тоҷикистон аз қадим маъмул буда, онро аз шир, ҷурғот, қаймоқи гов бо ёрии гуппӣ ва чархчӯб ҷудо мекунанд. М.-ро аз шири қӯтос (РХМ) ва зебу (Ҳиндустон ва давлатҳои Африка) ҳам мегиранд.
Ба қавли табибони мардумӣ беҳтарин ва сабуктарин М.-и гов аст, ки аз саршир гирифта бошанд. Хӯрдани М. дарунро мулоим мекунад, реш ва моддаҳои нолозими ҷамъшударо мепазонад, баданро фарбеҳ мегардонад, гиреҳи узвҳоро мекушояд, дағалии роҳи нафасро ислоҳ менамояд, сурфаи хушкро ба ибро меоварад; агар М.-ро бо асал бихӯранд, варами пардаҳои даруни сина ва шушро шифо мебахшад, бо шакар бихӯранд, баданро фарбеҳ мекунад, бо зардии тухми нимдунбули мурғ бихӯранд, сӯзиши ахлотро ислоҳ месозад. Агар 70 г М. бо 35 г шакар истеъмол карда шавад, душвории шошидан ислоҳ мешавад. Молидани М. ба бадан варамҳо, варами баногӯш, каши рон ва даҳонро мепазонад, инчунин решҳоеро, ки бар бадан ва сари тифлон мебароянд, шифо мебахшад. Агар М.-ро гарм карда ба милки дандони кӯдакон бимоланд, баромадани дандони онҳоро метезонад.
Истеъмоли М.-и бисёр сари меъдаро суст мегардонад, иштиҳоро мебандад, дарунро меронад.
Ад.: Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1999.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

mayvizach

МАЙВИЗАҶ

МАЙВИЗАҶ (Delphinium oreophilum), гиёҳест бисёрсола. Аз 30 то 70 см қад мекашад. Пояаш сершох, баргаш …