Главная / Илм / МАРҲАМ

МАРҲАМ

marhamМАРҲАМ, навъе аз даво. Асоси М.-ҳоро равған (вазелин, ланолин, чарбуи хук ва ғ.) ва моддаҳои гуногуни доруӣ (ихтиол, сулфур, дерматол, дёгт, кислотаи салитсилат ва ғ.) ташкил медиҳанд. Таъсири М.-ҳо нисбат ба хамираҳо амиқтар аст. Хусусан М.-ҳое, ки дар асоси давоҳои гуногуни синтезӣ таҳия шудаанд, бештар истифода мегарданд; онҳо ба пӯст нағз ворид шуда, самараи дилхоҳ меоранд.
М. ҳангоми ба пӯст молидан, ба бухори об монеъ гашта, ихроҷи гармиро кам мекунад, пӯстро метасфонад, ба ҳаракати хун ва мубодилаи моддаҳо тақвият мебахшад. М.-ро метавон бевосита ба пӯст молид; онро ба болои дока гирифта ба захм низ мебанданд ё ба пӯст мешаканд. М. ба ҷойҳои солим ва бемӯи пӯст молида мешавад (агар зарур бошад, мӯйро метарошанд). Бо ин мақсад бо дасти тоза каме М. гирифта ба пӯсти бемор (ҳатман бояд тоза бошад) мешаканд, сипас бо ҳаракатҳои дарозрӯя ва гирдгардон то комилан хушк шудани пӯст молиш медиҳанд.
Агар мурод аз истифодаи М. таъсири сатҳӣ бошад, пас онро ба болои дока гирифта, ба ҷои осебдидаи пӯст мегузоранд ва бо бинт мебанданд. Барои таъсири амиқ расондан, мас., ба инфилтрат, М.-ро бевосита ба болои он молида бо латта мепечонанд. Бо мақсади мулоим шудани карахш ва пулакчаҳо М.-ро 3 – 6 соат нигоҳ доштан лозим аст. Барои табобати, мас., пулакчаҳои псориаз, обилаҳои сахтшуда ва ғ. М.-ро ба болои селлофан ё коғази мумандуд гирифта «тарбанди» мекунанд. Ҳангоми табобати шукуфаи фалсӣ ва хоришак М.-ро ба пӯст сахт шакидан зарур аст. Ниг. низ Крем.

Б. О. Ишонқулова.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …