Главная / Илм / МАРҶУМАК

МАРҶУМАК

grechkaМАРҶУМАК (Fagopyrum sagittatum), гречка, зироатест маъмул. Пояаш сершохчаи сурхтоб, баландиаш 15 – 100 см. Баргаш секунҷаи найзашакл, гулаш гулобӣ ё гулобии сафед, хушбӯй, гултӯдааш хӯшашакл, мевааш чормағзаки сеқирра. М.-ро ҳанӯз 4 ҳаз. сол пеш кишт мекарданд. Дони М. 10 – 12% сафедаи хушҳазм, 60 – 80% оҳар, 2,5 – 3% равған, намакҳои минералӣ, кислотаҳои органикӣ, витаминҳои В1, В2, РР, Р дорад.
М. растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ аст. Агар шахс қабл аз иҷрои кори вазнин (мас., давидан ба масофаи дур, шиноварӣ ва ғ.) се каф М. – ро дар тоба андаке тасфонда истеъмол намояд, хастагиро эҳсос намекунад. Табибон муқаррар кардаанд, ки М. неруи мушакҳоро афзуда, ба рагҳои хунгард устуворӣ мебахшад, ба раванди хунҳосилшавӣ таъсири мусбат мерасонад. Аз ин лиҳоз онро дар мавриди табобати камхунӣ, лейкемия, атеросклероз, бемории ишемияи дил, ғалаёни хун кор мефармоянд. М. барои ашхоси фарбеҳ ва гирифтори диабети қандӣ парҳезонаи хуб аст. Ҳангоми мунтазам истеъмол намудан, савияи холестеринро дар хун паст месозад, фаъолияти ғадуди зери меъдаро ба сомон меорад. Чойи гули М. (40 г дар 1 л об) давои балғамрон буда, сулфаи хушкро нарм мекунад. Табибони халқӣ бо нақеъи навдаҳои М. (1 истакон навдаҳои резакарда дар 1 л оби ҷӯш) бемории лейкоз (сафедхунӣ) – ро табобат менамоянд. Ба ҷои дардманди миён гузоштани М.-е, ки дар тафдон тасфонида шудааст, дардро таскин мебахшад. Агар М. – и хомро хоида ба болои пучак гузошта банданд, онро пазонда мекафонад. Бегоҳӣ ба истакон 3 қошуқ М. – и хомро андохта аз болояш то нисф ҷурғот резед. Субҳидам дар дили наҳор онро истеъмол карда, пас аз ду соат наҳорӣ кунед. Даври муолиҷа 10 рӯз аст. Сипас 10 рӯзи дигар танаффус карда, табобатро давом диҳед (муолиҷаро се маротиба бояд такрор кард). Ин усули табобат барои одамони гирифтори диабети қандӣ хеле муфид аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …