Архивы за день : 23.05.2018

МАЛПИГИ

malpigi

МАЛПИГИ (Malpighi) Марчелло (10. 03. 1628, Кревалкоре – 30. 11. 1694, Рим), биолог ва духтури италиявӣ, аъзои Ҷамъияти подшоҳии Лондон. Дар Ун-ти Болоня таҳсил кардааст. Доктори илмҳои тиб (аз 1653), проф. (1656 – 91). Яке аз асосгузорони анатомияи микроскопии растаниҳо ва ҳайвонот. Бо ёрии микроскоп трахея ва гардиши капиллярии хунро …

Муфассал »

МАЛТОЗА

maltoza

МАЛТОЗА (англ. malt – орди майса), қанди орди майса, дисахариди табиӣ; аз боқимондаи ду молекулаи глюкоза иборат аст. М. дар таркиби дони нешзадаи ҷав, ҷавдор ва диг. ғалладонаҳо, инчунин помидор, гард ва шаҳди гули базе растаниҳо вуҷуд дорад. Дар об нағз ҳал мешавад; таъмаш ширин мебошад. Миқдори М. дар хун …

Муфассал »

МАММОГРАФИЯ

mamografiya

МАММОГРАФИЯ (Mammographia; юн. pamma – пистони зан ва …графия), рентгенографияи ғадуди шир бидуни истифодаи васоити рентгеноконтрастӣ. М. усули асосии ташхиси бемориҳои гуногуни ғадуди шир, аз ҷумла бемории саратон дар давраҳои аввал мебошад. М.-ро дар ҳолатҳои дар сина пайдо шудани ҷисми сахти пайдоишаш номаълум, аз пистон омадани тарашшӯҳот (агар ба ҳомилагӣ …

Муфассал »

МАНБАИ ТАБИИИ БЕМОРИҲО

tabiat

МАНБАИ ТАБИИИ БЕМОРИҲО, хусусияти як қатор бемориҳои сирятист, ки ангезандаи онҳо дар ҳудуди муайян бидуни тамос бо одамон ё ҳайвоноти хонагӣ, дар организми ҳайвоноти ваҳшӣ паразитӣ мекунанд. Чунин бемориҳоро бемориҳои манбаашон табиӣ ва маҳаллеро, ки ангезандаи ин бемориҳо вомехӯрад, манбаи табиӣ меноманд. Мафҳуми «манбаи табиӣ»-ро с. 1938 акад. Е. Н. …

Муфассал »

МАНГАН

mangan

МАНГАН (Manganum), Mn, элементи химиявии гурӯҳи VII ҷадвали Менделеев; рақами ат. 25, массаи ат. 54,9380; металли вазини сафеди нуқратоб. М.-ро якумин маротиба олими швед Ю. Ган с. 1774 дар натиҷаи гарм кардани омехтаи пиролюзит ва ангишт ҳосил намуд. М. 0,1%-и қишри Заминро ташкил мекунад. М. дар саноат бо усули электролиз, …

Муфассал »

Пистони занон: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

piston

Меъроҷиддини Камол менависад: Пистони занон ба хоб бинӣ зебо. Ки кӯдаки ширхор бар он буд шайдо, Таъбир бувад рафиқу ёри дерин, Ҳам тифлаки дӯстрӯву беҳад доно.

Муфассал »