Архивы за день : 06.05.2018

МЕТАСТАЗ

metastaz

МЕТАСТАЗ (Metastasis; ба маънои гузариш, ҷойивазкунӣ), манбаи дуюми беморӣ, ки дар натиҷаи аз манбаи якуми он ба организм паҳн гаштани омили бемориовар (ҳуҷайраҳои омос, ангезандаи сироят ва ғ.) пайдо мешавад. Вобаста ба тарзи густариш М.-ҳои лимфагенӣ ва гематогениро фарқ мекунанд. Аз рӯи тасаввуроти ҳозира М. густариш (диссеминатсия)-и ҳуҷайраҳои омоси бадфарҷомро …

Муфассал »

МЕТГЕМОГЛОБИНЕМИЯ

metgemoglobinemiia

МЕТГЕМОГЛОБИНЕМИЯ, дар таркиби хун афзудани миқдори метгемоглобин (зиёда аз 1% аз миқдори умумии гемоглобин). Метгемоглобин ҳосилаи гемоглобин буда, қобилияти интиқоли оксигенро надорад. М. модарзодӣ ва ғайримодарзодӣ мешавад. М.-и ғайримодарзодӣ дар натиҷаи тамос бо моддаҳои химиявӣ (оксидкунандаҳо, баъзе ҳосилаҳои бензол, анилин, оксидҳои нитроген ва ғ.), заҳролудӣ аз доруҳо (фенасетин, викасол, доруҳои …

Муфассал »

МЕТГЕМОГЛОБИНУРИЯ

metgemoglobinuriia

МЕТГЕМОГЛОБИНУРИЯ, дар таркиби пешоб вуҷуд доштани метгемоглобин. Пешоб бояд орӣ аз метгемоглобин бошад. Дар сурати пайдо шудани он пешоб ранги сурхи ба хун монанд мегирад. М. бисёр вақт ҳангоми гемолизи шадиди дохилирагӣ, баъзе шаклҳои камхунии гемолизӣ, заҳролудӣ аз доруҳо (фенасетин, кодеин) ва моддаҳои химиявӣ (анилин, нитробензол) ба назар мерасад. Пешомади …

Муфассал »

МЕТЕОРИЗМ

meteorizm

МЕТЕОРИЗМ (Meteorism; юн. meteorismos – дамидан, бардоштан), боди шикам, дамиши шикам, тимпания, бо сабаби дар роҳи гувориш ҷамъ шудани газҳо дамиш кардани шикам. Дар роҳи ҳозимаи одами солим ба ҳисоби миёна 900 см3 газ мавҷуд аст, ки барои дар як сатҳ боздоштани тонус ва перисталтикаи рӯдаҳо аҳамияти калон дорад. М. …

Муфассал »

МЕТИОНИН

metionin

МЕТИОНИН (Methioninum), як навъ дору. Барои рушду инкишофи организм зарур аст. М. таъсири липотропӣ дорад, яъне равғани барзиёди ҷигарро дур месозад, дар кори ҳосилшавии адреналин, креатин ва диг. пайвастҳои фаъоли биологӣ иштирок мекунад, таъсири ферментҳо, гормонҳо ва витаминҳоро меафзояд, моддаҳои заҳрнокро безарар мегардонад. М.-ро ҳангоми бемориҳо ва заҳролудии ҷигар, майзадагии …

Муфассал »