Главная / Илм / МАСОЛЕҲИ ЗАХМБАНДӣ

МАСОЛЕҲИ ЗАХМБАНДӣ

zahmbandiМАСОЛЕҲИ ЗАХМБАНДӣ, захмбанд, маводе, ки барои бастани ҷароҳат ва тайёр кардани бандина истифода мебаранд. Ба сифати М. з. маъмулан пахта ва докаи тамйизшударо кор мефармоянд. Дар баробари ин бинти тӯршакл низ истифода мегардад. Салфетка, бинт ва ношиф (тампон) – ро аз дока тайёр мекунанд. Ба захм бевосита захмбанди тамйизиро мегузоранд; пахтаро аз болои салфеткаи докагӣ бояд гузошт. Чунин бандина ҷароҳатро аз ифлосӣ ва таъсири омилҳои зарарнок ҳифз намуда, хуну римро ҷаббида мегирад. Пахтаи махсуси намногирро фақат барои кимод (компресс)-и гармкунанда дар таги тахтача ё бандинаи гаҷӣ ба кор бурдан мумкин аст.
Шаклҳои мухталифи М. з. – салфеткаҳои тамйизӣ, дока (тамйизӣ ва муқаррарӣ), пахтаҳои коғазпечи ҳархела (лӯлапечҳои хурд, калон) ва пакетҳои захмбандии тайёрро аз дорухонаҳо харидан мумкин аст. М. з.-ро якбора бисёр харидан норавост, зеро онҳо бо мурури замон вайрон ва корношоям мешаванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …