Архивы за день : 03.05.2018

МЕҲНАТ

mehnat

МЕҲНАТ, фаъолияти мақсадноки инсон, ки ба табиат таъсир расонда, онро тағйир медиҳад ва сарвати барои зиндагӣ зарурро ба вуҷуд меорад. М. категорияи иҷтимоӣ буда, бо ҷамъияти инсонӣ зич алоқаманд аст. Тамоми неъмате, ки инсоният соҳиб аст, бо М. муҳайё карда мешавад. М. аввалин ва асоситарин омили мавҷудияти инсон аст. Аз …

Муфассал »

МЕЧНИКОВ Иля Илич

mechnikov

МЕЧНИКОВ Иля Илич (15. 05. 1845, деҳаи Ивановка, ҳозира ноҳ. Купянски вил. Харков – 15. 07. 1916, Париж), биологи рус, яке аз асосгузорони патологияи муқоисавӣ, микробиология ва эмбриологияи эволютсионӣ. Аъзои фахрии АФ Петербург (1902). Ун-ти Харковро (1864) хатм кардааст. С-ҳои 1870 – 82 проф. Ун-ти Новороссийск дар Одесса (ҳоло Ун-ти …

Муфассал »

МЕЪДА

meda

МЕЪДА (Ventriculus), узви гувориш. М. аз қисми боло бо сурхрӯда, аз қисми поён бо рӯдаи дувоздаҳангушта пайваст аст. Дар М. ғизо ҷамъ ва омехта шуда, даври аввали гуворишро мегузарад ва баъдан ба рӯдаи дувоздаҳангушта мефарояд. М. дар қисми болои ҷавфи шикам ҷойгир аст. Шакл ва ҳаҷми М. доимӣ нест. Он …

Муфассал »

МИАЗ

miaz

МИАЗ (Myiasis; аз юн. myia – магас), миазҳо, бемории одаму ҳайвонот, ки дар натиҷаи ба бофта ё ҷавфи организм роҳ ёфтани кирминаи магас рӯй медиҳад. Вобаста ба мавқеи кирмина М.-ҳо сатҳӣ ва амиқ мешаванд. Инчунин аз рӯи баъзе фарқияти амалию вогирӣ М.-ҳои сайёри рах-рах ва нодири пӯст низ мавҷуданд. Ангезандаи …

Муфассал »

МИАЛГИЯ

mialgiya

МИАЛГИЯ (Myalgia; юн. my[s] – мушак ва algos – дард), дард кардани мушак, ки ҳангоми оромӣ, ламс намудан ва ё ҷунбондани аъзо ба вуҷуд меояд. М. баъзан шиддат ёфта, бо варам ва таранҷиши мушакҳо, мас., ҳангоми шаклҳои вазнини илтиҳоб (ниг. Миозит), рух менамояд. Гоҳо М. нишонаи ягонаи илтиҳоби мушакҳо, хусусан …

Муфассал »