Архивы за день : 15.05.2018

МАСТОИДИТ

mastoidit

МАСТОИДИТ (Mastoiditis; юн. mastoeides – монанд ба пистон), илтиҳоби шадиди римдори ҳуҷрачаҳои шохаи пистонакшакл. Бисёр вақт чун оризаи отити шадиди римдор ба вуҷуд меояд. Дар пайдоиши М. баста шудани тарашшӯҳот аз ҷавфи гӯши миёна мақоми хоса дорад. Нишонаи асосии М. шиддат ёфтани дард дар мавзеи шохаи пистонашакл баъд аз 3 …

Муфассал »

МАСТОПАТИЯ

mastopatiya

МАСТОПАТИЯ (Mastopathia; mastos – сина ва pathos – беморӣ), иллати дарднокест, ки ҳангоми он дар қисми болои ғадудҳои ҳар ду сина (аз берун) омосҳои андозаю зичиашон гуногун пайдо мешаванд. Ҳангоми бо даст палмосидан омосҳо мисли рег ё уқдаҳои ҷудогона менамоянд. Дар баъзе мавридҳо дард бевосита пеш ё дар давраи ҳайз …

Муфассал »

МАСТОПТОЗ

mastoptoz

МАСТОПТОЗ (Mastoptosis), овезон шудани сина. М. се дараҷа дорад. Аломатҳои дараҷаи якуми М.: сатҳи пистон бо чини поёни ғадуди шир (хати табиие, ки нимдоираи поёни ғадуди сина ба вуҷуд меорад) баробар аст ё поёнтар (тақр. 1 см) мебошад. Дар мавриди М.-и дараҷаи дуюм пистон аз чини поёни ғадуди шир 1 …

Муфассал »

МАСТОСИТОЗ

mastositoz

МАСТОСИТОЗ (Mastocytosis; юн. mast[ig] – фарбеҳ ва юн. cytus – ҳуҷайра), бемории музминест, ки бо осеби пӯст, узвҳои дохилӣ ва устухонҳо падид меояд. Сабаби М. дар бофтаҳо рушд ёфтани ҳуҷайраҳои захим (фарбеҳ) аст. М. шаклҳои гуногун дорад. М.-и популёзӣ ё саглеси ранга дар ҳама синну сол дучор меояд. Аломати он …

Муфассал »

МАСТЭКТОМИЯ

mastektomiya

МАСТЭКТОМИЯ (Mastektomia; юн. mastos – сина ва ektome – буридан, дур андохтан), бо усули ҷарроҳӣ бурида дур сохтани ғадуди шир. Асосан дар мавриди омоси бадфарҷоми он андешида мешавад. Ҳангоми якбора бурида гирифтани ғадуди шир ва уқдаҳои лимфавии мавзеи он баъдтар мумкин аст дар натиҷаи лимфостаз дастҳо варам кунанд. Барои пешгирӣ …

Муфассал »

Обшорон: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

rain

Меъроҷиддини Камол менависад: Ба хобат бинӣ вақте обшорон. Ки мерезад ба ҳар сӯ мисли борон, Нишони он ҳаёти софу ширин, Худо бидҳад туро, гӯем омин!

Муфассал »

Дар оғӯш кашидан: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

obnimki

Меъроҷиддини Камол менависад: Якеро сахт дар оғӯш кашидан, Агар бинӣ ба вақти хоби нозат, Нишонаш дидани дидор бошад, Ки мебинад варо чашмони бозат.

Муфассал »

Осиёб: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

osiyob

Меъроҷиддини Камол менависад: Осиёб ояд туро пеши назар, Вақти хоби ноз, эй ҷону ҷигар. Бошад аз ҷангу ҷидоле он нишон, Бо рафиқоне, ки гардӣ ҳамсафар.

Муфассал »

Озах: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

ozah

Меъроҷиддини Камол менависад: Озах, ки ба дасту пои инсон Чун нуқс ҳамешавад намоён, Ҳар гаҳ, ки ба хоб бинӣ онро, Ҳар рӯз кушода мешавад, дон. Озахро инчунин сӯгал меноманд.

Муфассал »