Главная / 2018 / February / 02 (страница 2)

Архивы за день : 02.02.2018

КОМПЛЕМЕНТ

komplement

КОМПЛЕМЕНТ (лот. complementum – иловагӣ), силсилаи сафедаҳои муҳофизии зардоби хуни одам ва ҳайвонот, ки дар аксуламалҳои махсуси подгун (антиген)-подтан (антитела) иштирок карда, самараи биологии онро меафзоянд. Системаи К. аз 9 унсур иборат аст. Онҳо бо тартиби муайян фаъол гашта, бо комплекси подгун-подтан пайваст мешаванд. Дар натиҷаи чунин пайвастшавӣ мумкин аст …

Муфассал »

КОМПОСТКУНОНӣ

kompostkunoni

КОМПОСТКУНОНӣ, як тарзи тайёр кардани нурӣ. Бо мақсади безарар гардондани партовҳои рӯзгор, кишоварзӣ ва баъзе корхонаҳои саноатӣ ба амал бароварда шуда, ба пӯсидани моддаҳои органикӣ зери таъсири микроорганизмҳо асос ёфтааст. К. чун тарзи безараргардонӣ хеле маъмул ва нисбатан боэътимод аст. Маҳсули ниҳоии К. компост буда, барои киштзор ва боғу полиз …

Муфассал »

КОМПРЕСС

kompress

КОМПРЕСС, кимод, рифода, бандинае, ки бо мақсади муҳофизат ё табобати ҷузъии узви иллатёфта истифода мешавад. К.-и хушкро, ки аз чанд қабат докаю пахта иборат аст, барои аз сардӣ ва диг. таъсири ногувори берунӣ муҳофизат намудани узви иллатёфта, К.-и нарм (сард, гарм, гармкунанда ва доруӣ)-ро бо мақсади табобат ба кор мебаранд. …

Муфассал »

КОНДИТСИОНЕРОНИИ ҲАВО

kondisionerii-havo

КОНДИТСИОНЕРОНИИ ҲАВО, дар дохили хонаю нақлиёт бо ёрии асбобҳои техникӣ ба вуҷуд овардани ҳарорати барои одамон, кори дурусти асбобҳо, нигоҳ доштани асарҳои санъат ва ғ. мувофиқ. Бо роҳи кондитсионеронӣ газҳои таркибӣ, суръати ҳаракат ва фишори ҳаво танзим карда мешавад. Дастгоҳҳои К. ҳ. барои аз гарду чанг тоза, гарм, хунук, хушк …

Муфассал »

КОНСЕРВ

konserv

КОНСЕРВ, хӯрокиест, ки барои дер нигоҳ доштан аз гӯшт, моҳӣ, меваю сабзавот ва ғ. тайёр мекунанд. Консервҳои сабзавотӣ. Консервҳои сабзавотии табиӣ (боқило, лӯбиё, ҷуворимакка, гулкарам, шилха, пюреи испанох, помидор ва ғ.)-ро аз сабзавоти тару тоза таҳия карда, ба ғайр аз об ба онҳо барои беҳтар намудани таъм каме намак ё …

Муфассал »

КОНСЕРВОНӣ

konservoni

КОНСЕРВОНӣ, яке аз роҳҳои таҳияи ғизо. Хӯрокворӣ дар натиҷаи фаъолияти микроорганизмҳои гуногун – занбӯруғ (мағор), бактерияҳо ва ғ., ки дар табиат хеле бисёранд, вайрон мешавад. Барои муддати дароз вайрон нокарда нигоҳ доштани он усулҳои гуногуни К.-ро истифода мебаранд, мас., тамйиз (то ҳарарати муайян гарм кардан), сардонӣ, хушконидан, ба намак хобонидан, …

Муфассал »

КОНСИЛИУМ

konsilium

КОНСИЛИУМ (Covsultatio medicalis), мушовараи пизишкон, машварату маслиҳати пизишкон, ки барои муайян намудани вазъи саломатии бемор, чигунагии бемории ӯ, усулу воситаҳои табобат, инчунин барои аниқ кардани пешомади беморӣ гузаронида мешавад. К. ё бо хоҳиши духтури муолиҷ (дар мавриди номаълум ва мураккаб будани дард) ё бо илтимоси хешовандони мариз баргузор мегардад. К.-ро …

Муфассал »

КОНСТИТУТСИЯ

konstitutsia

КОНСТИТУТСИЯ (лот. constitutio – сохтор, ҳолат), буния, маҷмӯи хусусиятҳои вазифавӣ ва морфологии организм, ки ба ирсият ва таъсири бардавому бошиддати муҳити атроф вобастагӣ дорад. Ҳанӯз дар замонҳои қадим маълум буд, ки одамон аз рӯи сохти бадан, мизоҷ, иҷрои ин ё он кор аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Буқрот одамонро вобаста ба …

Муфассал »

КОНСУЛТАТСИЯИ ТИББИЮ ГЕНЕТИКӣ

konsultatsiai-tibbi-genetiki

КОНСУЛТАТСИЯИ ТИББИЮ ГЕНЕТИКӣ, як шакли ёрии тиббӣ ба аҳолист, ки барои кам кардани хуруҷи бемориҳои ирсӣ равона шудааст. Муассисае, ки чунин ёрӣ мерасонад, низ ҳамин номро гирифтааст. Одатан, К.-ро дар назди Ин-тҳои тадқиқоти илмӣ, кафедраи мактабҳои олии тиббӣ, беморхонаҳо, поликлиникаҳо ташкил мекунанд. Сабаби дар доираи нигоҳдории тандурустӣ ташкил шудани К. …

Муфассал »

КОНТУЗИЯ

kontuzia

КОНТУЗИЯ (Contusio), иллатест, ки дар натиҷаи сахт лат хӯрдан, ногаҳон паст ё баланд шудани фишори атмосфера, аз таъсири вибратсия (ҳангоми зарби таркиши сахт) ба амал меояд. Дар зери тӯдаи рег ё санг мондан, ҳамчунин аз баландӣ пуштнокӣ (рӯйнокӣ) ба об афтидан низ сабаби К. шуда метавонад. Баъзан истилоҳи «контузия»-ро ба …

Муфассал »