Главная / Илм / КОНСТИТУТСИЯ

КОНСТИТУТСИЯ

konstitutsiaКОНСТИТУТСИЯ (лот. constitutio – сохтор, ҳолат), буния, маҷмӯи хусусиятҳои вазифавӣ ва морфологии организм, ки ба ирсият ва таъсири бардавому бошиддати муҳити атроф вобастагӣ дорад.
Ҳанӯз дар замонҳои қадим маълум буд, ки одамон аз рӯи сохти бадан, мизоҷ, иҷрои ин ё он кор аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Буқрот одамонро вобаста ба мизоҷ, дамавимизоҷ, балғамимизоҷ ва молихулиёӣ ҷудо карда буд. Ҷолинус мафҳуми «halitus»-ро ҷорӣ намуд, ки маҷмӯи аломатҳои зоҳириро дар назар дорад (сохти бадан, намуди зоҳирӣ). Ба ақидаи Ҷолинус одамон вобаста ба маҷмӯи аломатҳои номбурда ба ин ё он беморӣ майл доранд. ӯ таъкид кардааст, ки ғайр аз майл ба беморӣ дар пайдоиши он тарзи ҳаёт низ таъсири амиқ мегузорад.
Таълимоти ҳозираи К. нафақат ба хусусиятҳои анатомии организм, балки ба тавсифи фаъолияти олии асаб, вазъи системаи ғадудҳои дохилӣ ва муносибати он ба муҳит асос ёфтааст.
Вобаста ба андом (қаду қомат) К. се навъ мешавад: астениявӣ, гиперстениявӣ ва нормостениявӣ. Ба астениявиҳо одамони сандуқи синаашон борики паҳн, гарданашон дароз, дасту пояшон борику китфонашон хурд мансуб мебошанд. Одамони гиперстениявӣ ҷуссаи калон, шонаи паҳн, гардани кӯтоҳ, сари лӯнда, дасту пои нисбатан кӯтоҳ, синаи фаррох ва шиками дамида доранд. Ашхоси нормостениявӣ дар байни ин ҳарду гурӯҳ меистанд.
Хусусиятҳои буниявии организм ба инкишофи ҷараёни бемориҳои гуногун ва хислатҳои одам таъсир мерасонанд. Онҳо бояд дар амалияи тиб ба эътибор гирифта шаванд.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …