Архивы за день : 25.02.2018

ҚУБОИ МӯЙ

ҚУБОИ МӯЙ, бемориест, ки ҳангоми он дар пӯсти хами андомҳои поёнӣ ва болоӣ гиреҳчаҳои хокистарранги карахшбаста пайдо мешаванд. Дар бисёр ҳолатҳо гиреҳчаҳоро мӯй сӯрох карда берун меояд ё дар зери онҳо печида дармемонад. Ҷои осебёфтаи пӯст хушк ва дурушт аст. Зуҳуроти беморӣ дар синни 2 – 5-солагӣ ба мушоҳида мерасад; …

Муфассал »

ҚУЛОЪ

stomatit

ҚУЛОЪ, афта, ярачаҳои гирда ё байзашакл, ки дар луобпардаи даҳон ва баъзан узвҳои дигар падид меоянд. К. бисёр вақт аломати стоматит, қӯтур, ангинаи табхолӣ мебошад. Қ. асосан дар нӯг ва канорҳои забон, лаб, луобпардаи лунҷ, коми сахт, қаъри ҷавфи даҳон пайдо мешавад. Дар луобпардаи даҳон падид омадани Қ. боиси дард, …

Муфассал »

ҚУЛМАТОВ Муҳаммад

nophoto-man

ҚУЛМАТОВ Муҳаммад (тав. с. 1905, Қуқанд), духтури терапевт, доктори илми тиб (1950). Хатмкардаи Академияи тибби ҳарбии Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург; 1931). Дар лабораторияи акад. И.П. Павлов оид ба физиологияи эътидолӣ такмили ихтисос кардааст. Сипас чанд муддат дар ш. Тошкент ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул буд. С. 1937 ба ш. Сталинобод омада дар …

Муфассал »

ҚУЛУН

kulun

ҚУЛУН (Intestinum crassum), рӯдаи ғафс. Аз кунҷи илиосекалӣ (мансуб ба рӯдаи тиҳигоҳ ва кӯррӯда) ибтидо ёфта, то сӯрохи мақъад давом мекунад. Дарозии Қ. ба ҳисоби миёна 150 см, қутраш 7 – 14 (дар аввал) ва 4 – 6 (дар охир) см аст. Девораи Қ. мисли девораи рӯдаи борик аз 3 …

Муфассал »

ҚУЛФАК

kulfak

ҚУЛФАК (Clavicula), чанбар, устухони ҷуфти китф. Шакли ҳарфи «S»-ро дорад. Бо қисми берунӣ бо шохаи акромионии шона, бо қисми дарунӣ бо тӯш (сарсина) пайваст мешавад. Ҳар ду пайвандгоҳ бо бандакҳои қавӣ устувор гаштаанд. Ба қисми сарсинагии К. мушакҳои чаноғӣ-чанбарӣ-пистонакӣ, чаноғӣ-ломӣ ва мушаки калони сина пайваст шудаанд; ба қисми акромионии он …

Муфассал »