Главная / Илм / КОНТУЗИЯ

КОНТУЗИЯ

kontuziaКОНТУЗИЯ (Contusio), иллатест, ки дар натиҷаи сахт лат хӯрдан, ногаҳон паст ё баланд шудани фишори атмосфера, аз таъсири вибратсия (ҳангоми зарби таркиши сахт) ба амал меояд. Дар зери тӯдаи рег ё санг мондан, ҳамчунин аз баландӣ пуштнокӣ (рӯйнокӣ) ба об афтидан низ сабаби К. шуда метавонад. Баъзан истилоҳи «контузия»-ро ба маънои латхӯрӣ истифода мебаранд, вале дар ин сурат, албатта, узв ё ҷои иллатёфтаро номбар мекунанд (мас., К. – и мағзи сар).
Ихтилоли ҳуш аломати асосии К. мебошад. Дар аснои К.-и сабук беҳушӣ чанд дақиқа давом кунад ҳам, фаъолияти нафаскашӣ ва кори узвҳои дилу раг вайрон намешавад. Ҳангоми К.-и вазнин одам тамоман беҳуш мегардад. Беҳушӣ аз чанд соат то чанд шаборӯз давом карда, аксар вақт бо осеби фаъолияти дил ва нафаскашӣ ҷараён мегирад, иллати узвҳои дарун (мас., гурда), устухон, мағзи сар, шикастани дасту по, қабурға низ ба мушоҳида мерасад. Баъди К.- и миёна ва вазнин сар чарх зада, дарди сар, ихтилоли қувваи сомеа ва нутқ (ҳатто то карию гунгӣ) ба амал меояд. К. ҳар қадар сабук бошад, табобаташ ҳамон қадар осон аст.
Осебдидаро сарфи назар аз дараҷаи вазнинии К. фавран ва эҳтиёткорона ба наздиктарин муассисаи табобатӣ бояд бурд; агар ӯ беҳуш бошад, албатта бо занбар мебаранд. Агар К. дар натиҷаи захмдорӣ ва шикастани устухон ба амал ояд ё хунравиро муваққатӣ боздоштан зарур бошад, ба осебдида дар ҳамон ҷое, ки флокат рӯй додааст, фавран ёрӣ мерасонанд. Ҳангоми К.-и вазнин нафасдиҳии сунъиро фақат бо усули «даҳон ба даҳон» бояд гузаронд.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …