Архивы за день : 03.02.2018

«КИТОБУ-Т-ТИБИ-Л-МАНСУРӣ»

kitob-2

«КИТОБУ-Т-ТИБИ-Л-МАНСУРӣ» («Китоби тиббии бахшида ба Мансур»), асари энсиклопедии Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ дар боби тиб. Дар ибтидои а. 10 ба забони арабӣ навишта, ба ҳокими Рай – Мансур ибни Исҳоқи Сомонӣ бахшида шудааст. «К.» самараи риёзат ва таҷрибаҳои фаровони илмию амалии аллома ва ҳакими бузург буда, тамоми дурдонаҳои асари …

Муфассал »

«КИТОБУ-Ш-ШОМИЛ»

kitob

«КИТОБУ-Ш-ШОМИЛ», асари Абӯсаъид ибни Абимуслим ибни Абилхайр, мулаққаб ба Ғиёсуттабиб (авв. а. 14). Китоб с. 1336 дар ду қисм таълиф шудааст. Қисми якум дар баёни ҳифзи тандурустӣ ва қисми дуввум дар баёни куллиёт ва ҷузъиёти тиб сухан меронад. Он аз муқаддима ва шаш мақола иборат аст. Нусхаи «К.» ба шакли …

Муфассал »

КИТФ

kitf

КИТФ (Brachium), бозу,банди проксимали (ба тана наздик)-и андомҳои болоӣ. Асоси К. аз устухони бозу ибрат буда, ба он мушакҳо пайваст шудаанд. Гурӯҳи мушакҳои пеши К.-ро мушакҳои қаткунанда ташкил медиҳанд (мушаки дусараи китф, мушакҳои бозу, нӯлшаклу бозу); ба гурӯҳи мушакҳои қафо мушаки сесараи бозу, ки соидро хам мекунад, мансуб мебошад. Артерияи …

Муфассал »

КИФОЗ

kifoz

КИФОЗ (Kyphosis; юн. kyphos – хамхӯрда, қатшуда), ба ҷониби берун каҷ шудани сутунмӯҳра. К. камоншакл (сутунмӯҳра мисли нимдоира каҷ аст) ва теғадор (сутунмӯҳра дар мавзеи чанд мӯҳра якбора, мисли теға каҷ мегардад) мешавад. Ниг. низ Каҷшавии сутунмӯҳра.

Муфассал »

КИФОСКОЛИОЗ

kifoskolioz

КИФОСКОЛИОЗ, ба чап ё рост каҷ шудани сутунмӯҳра, ки дар натиҷа хамидагии қомат возеҳтар ба мушоҳида мерасад. К. боиси хурд шудани ҳаҷми шуш ва зӯр омадан ба мушакҳои нафаскашӣ, камҳаракатии сандуқи сина, суст кашиш ёфтани паренхимаи шуш ва диг. иллатҳо мегардад. Ҳангоми К.-и возеҳ мубодилаи газ халал меёбад. Рух намудани …

Муфассал »

«КИФОЯИ МАНСУРӣ»

«КИФОЯИ МАНСУРӣ», асари Мансур ибни Муҳаммад ибни Аҳмади Кашмирӣ дар боби тиб, ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ навишта шудааст. Номи дигари китоб «Кифояи муҷоҳидия» буда, с. 1423 таълиф шудааст. Муаллиф онро ба ҳокими Кашмир Султон Зайнулобидин (1422 – 1472) бахшидааст. Мундариҷаи «К. М.» ихтисоран ҳамаи қисматҳои тибби қадимро дарбар гирифта, баъзе …

Муфассал »

КИШОВАРЗӣ

kishovarzi

КИШОВАРЗӣ (гигиенаи меҳнат), яке аз қадимтарин намудҳои фаъолияти хоҷагии одам. Пайдоиши К. ба даврае мансуб аст, ки одам заминро бо олоти содатарин шудгор ва ҳайвонотро ба худ ром мекард. Бо тағйири муносибатҳои ҷамъиятӣ хусусият ва навъи К. низ дигар шуд. Дар ҶТ дар натиҷаи ба амал баровардани сиёсати аграрӣ нафақат …

Муфассал »

КИШТИ ҲУҶАЙРА ВА БОФТАҲО

kishti-hujayra-bakteriya

КИШТИ ҲУҶАЙРА ВА БОФТАҲО, яке аз усулҳои ташхису тадқиқот. Ҳуҷайраҳо, қисмҳои бофта ва ҷанини узв берун аз организм низ қобили сабзиш ва ҳаёт мебошанд. Бо ин мақсад онҳоро кишт мекунанд. К. барои ба даст овардани дорувор ва пайвастҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол, тадқиқоти вирусологӣ (баҳри афзоиш, титронӣ ва қиёси вирусҳо), …

Муфассал »

КЛИМАТОТЕРАПИЯ

klimatoterapiya

КЛИМАТОТЕРАПИЯ (Clumatotherapia; аз юн. klima – иқлим ва терапия), иқлимшифоӣ, бо мақсади муолиҷаи беморон ва беҳдошти саломатӣ истифода бурдани хусусиятҳои шифобахши иқлим дар маҳалҳои аҳолинишин ё курорту шифохонаҳои махсуси иқлимӣ. Барои К. ё иқлимро муваққатан иваз мекунанд (дар давраи дар курорт ё санатория табобат кардан), ё муолиҷаро дар иқлими барои …

Муфассал »

КЛИНИКА

klinika

КЛИНИКА (юн. klinice – тиббӣ, аз kline – бистар), муассисаи табобатии статсионарӣ, ки дар он баробари табобати беморон ба духтурон ва донишҷӯёни соҳаи тиб таълим медиҳанд, тадқиқоти илмӣ мегузаронанд. Ҳамаи мактабҳои олии тиббӣ ва институтҳои такмили ихтисоси духтурон К. доранд. Агар К. дар заминаи беморхонаи шаҳрӣ, вилоятӣ ё ҷумҳуриявӣ кор …

Муфассал »