Архивы за день : 09.02.2018

Аспу ароба: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

kareta-print_vnutr

Меъроҷиддини Камол менависад: Ба хобат бинӣ гар аспу ароба. Макун гум хеҷ гаҳ сар ҳам калоба. Бувад таъбир, дидори азизе, Ки рӯзе биниаш назди хароба.

Муфассал »

Анкабут: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

umedi-fardo

Меъроҷиддини Камол менависад: Дар хоби шаби ту анкабуте ояд, Бар тори танидааш асир бинмояд. Таъбир, бувад туро умеди фардо, Фардои ту риштаи аҷал бикшояд.

Муфассал »

Арӯси нозанин: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

arusi-nozanin

Меъроҷиддини Камол менависад: Арӯси нозанин бинӣ ба хобат, Ҷамоли беҳтарин бинӣ ба хобат, Далелаш наҷми иқболи ту бошад, Ки кам-кам бар сари ту нур пошад.

Муфассал »

Ангуштарин: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

angushtarin

Меъроҷиддини Камол менависад: Гар ба хобат медиҳӣ ангуштарин. Бар касе, ки ҳаст баҳрат беҳтарин. Дон, ки тӯю сур барпо мешавад Дар ҳаёти ду ҷавони нозанин.

Муфассал »

КАҶГАРДАНӣ

kachgardani

КАҶГАРДАНӣ (Tortucollis), гарданкаҷӣ, вазъи нодурусти сарро гӯянд, ки дар натиҷаи яктарафа таранг шудани мушакҳо ва бофтаҳои нарми бадан ба вуҷуд меояд. Иллати қисми гардани сутунмӯҳра низ метавонад боиси К. шавад. К. бештар модарзодӣ (аз инкишофи нодурусти ҷанин) аст. Он инчунин ҳангоми таваллуди душвор бинобар осеб дидани бофтаҳои нарми гардани кӯдак …

Муфассал »

КАҶДАСТӣ

kachdasti

КАҶДАСТӣ, каҷ шудани соид ва панҷаи даст. К. оринҷӣ, соидӣ, модарзодӣ, ғайримодарзодӣ мешавад. К.-и бо тағйири устухон ва бе тағйири устухон низ ба мушоҳида мерасад. К.-и модарзодӣ бисёр вақт дутарафа буда, якҷоя бо дигар нуқси инкишоф падид меояд. Сабаби К.-и ғайримодарзодӣ осеб (мас., дар вақти таваллуд) ва бемориҳо аст. Ҳангоми …

Муфассал »

КАҶПОӣ

kachpoi

КАҶПОӣ, деформатсияи мураккаби панҷаи по. К. модарзодӣ ва ғайримодарзодӣ мешавад. К.-и модарзодӣ дар писарон нисбат ба духтарон ду маротиба бештар дучор меояд. Осеб, одатан, дутарафа аст. Дараҷаи деформатсия ва аломатҳои он метавонанд хеле гуногун бошанд. Вақте ки кӯдак роҳрав мешавад, деформатсия авҷ мегирад. К.-ро дар асоси аломатҳои зоҳирӣ ташхис мекунанд. …

Муфассал »

КАҶШАВИИ СУТУНМӯҲРА

kachshavii-sutunmuhra

КАҶШАВИИ СУТУНМӯҲРА (Gibbositas), як навъ иллати сутунмӯҳра. К. с. cе навъ мешавад: паҳлӯӣ – сколиоз (ба паҳлӯ каҷ шудани сутунмӯҳра), аз пеш – лордоз (барҷастагии сандуқи сина) ва аз ақиб – кифоз. Ин гуна каҷиҳо бо мурури инкишофи организм, хусусан баъди ба пой истодану роҳгардиро омӯхтани тифл, ташаккул меёбанд. Ҳодисаи …

Муфассал »

КАШНИЗ

kashniz

КАШНИЗ (Coriandrum sativum), гашниҷ, кашнич, сабзавотест маъмул. То 120 см қад мекашад. Пояи сершохча, барги пармонанд, хӯшагули чатрнамо, гули майдаи сафед, гулобӣ, зард, меваи зардчаи бӯр дорад. К.-ро дар таом меандозанд, тару тоза истифода мебаранд. Аз тухми К. равғани эфир мегиранд. Ғӯраи К. дар нонпазӣ, саноати консерв ва ғ. аҳамияти …

Муфассал »