Главная / Илм / КОНДИТСИОНЕРОНИИ ҲАВО

КОНДИТСИОНЕРОНИИ ҲАВО

kondisionerii-havoКОНДИТСИОНЕРОНИИ ҲАВО, дар дохили хонаю нақлиёт бо ёрии асбобҳои техникӣ ба вуҷуд овардани ҳарорати барои одамон, кори дурусти асбобҳо, нигоҳ доштани асарҳои санъат ва ғ. мувофиқ. Бо роҳи кондитсионеронӣ газҳои таркибӣ, суръати ҳаракат ва фишори ҳаво танзим карда мешавад.
Дастгоҳҳои К. ҳ. барои аз гарду чанг тоза, гарм, хунук, хушк ва нам кардани ҳаво, инчунин барои танзим, назорат ва идораи автоматӣ бо асбобу олоти махсус ҷиҳозонида шудаанд. Дар баъзе мавридҳо бо ёрии К. ҳ. ҳаворо одоратсия (омехтани моддаҳои хушбӯй ба ҳаво), дезодоратсия (бартараф намудани бӯи бади ҳаво) ва ионнок мекунанд, гази карбонатро дур месозанд, ҳаворо сероксиген ва аз бактерияҳо тоза менамоянд. К. ҳ. марказӣ ва ҷузъӣ мешавад. Кондитсионеронии марказӣ, одатан, ба тамоми бино ва ҷузъӣ бошад, ба як ҳуҷра хизмат мекунад. К. ҳ. бо ёрии кондитсионерҳои гуногун ба амал бароварда мешавад. Барои К. ҳ. инчунин дастгоҳу васоити гуногун, мас., ҳавотозакунак (вентилятор), ионизатори ҳаво, дезодорантҳо (дар зарфҳои аэрозлӣ ва ғ.) истеҳсол мекунанд. Ҳарорати мусоиди хонаҳои истиқоматӣ зимистон 19 – 210, тобистон 22 – 250, намии нисбӣ 30 – 60% ва суръати ҳаракати ҳаво 0,25 м/сон. мебошад. Ба он бояд диққат дод, ки фарқи ҳарорати ҳуҷрае, ки дар он кондитсионер гузошта шудааст, аз ҳарорати дигар ҳуҷраҳо аз 8 – 120 зиёд набошад, зеро якбора пасту баланд шудани ҳарорат ба саломатӣ зарар дорад. Ба тавассути кондитсионерҳои ҳозиразамон ҳавои хонаро дар фасли тобистон хунук ва зимистон гарм кардан мумкин аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …