Архивы за день : 10.02.2018

КАФШЕРАК

kafsherak

КАФШЕРАК, васла (пайванд)-и лифӣ (фиброзӣ) байни узвҳои ҳамшафат. Сабаби асосии К. илтиҳоб мебошад. Бештар дар ҷавфи шикам, перикард, халтаи банд ба мушоҳида мерасад. Баъзан дар ҷавфи шикам баъди амалиёти ҷарроҳӣ ё дар натиҷаи бемориҳои илтиҳобӣ К.-ҳои сершумор ба вуҷуд меоянд. К. ба фаъолияти мӯътадили узв (рӯда, шуш, дил) халал ворид …

Муфассал »

КАХЕКСИЯ

kaheksiya

КАХЕКСИЯ (юн. kachexia – ҳолати бад, бетобӣ), аз ҳад зиёд хароб шудани организм, ки дар натиҷа фаъолияти физиологӣ ва рӯҳии одам низ тағйир меёбад. Сабаби К. ихтилоли амиқи мубодилаи моддаҳо аст. К. бинобар гуруснагии бардавом, омосҳои саратонӣ, бемории ғадудҳои усораи дохилӣ ва майна, заҳролудии музмин (аз марги муш, сурб, симоб, …

Муфассал »

КАҲҲОЛ УБАЙДУЛЛО

nophoto

КАҲҲОЛ УБАЙДУЛЛО (тахал; номи аслиаш Убайдулло ибни Муҳаммад Юсуф; с. тав. ва ваф. номаълум), олими тиб. Дар а. 16 ба сар бурдааст. ӯ дар асоси асарҳои Ибни Сино, Илоқӣ, Абӯбакри Розӣ, Наҷибуддини Самарқандӣ ва Ҷурҷонӣ, инчунин таҷрибаҳои амалии шахсии худ с. 1598 «Шифоу-л-алил» ном асар таълиф намудааст. Як нусхаи дастхати …

Муфассал »

КАҲЧИМ

kahchim

КАҲЧИМ (Allochrusa paniculata), хасғелак, гиёҳест бисёрсола. Дарозии тиррешааш аз 30 то 70 см. Пояаш борики сершох (25 – 100 см қад мекашад), баргаш нештаршакли бехор (дарозиаш 1 – 3 см), гулаш майдаи сафед ё гулобӣ, тухмаш майдаи сиёҳ. Моҳҳои июн – июл гул карда, ғӯзааш моҳҳои август – октябр мепазад. …

Муфассал »

КАҶАКГУЛ

kachakgul

КАҶАКГУЛ (Scutellaria hissarica), кулоҳгули ҳисорӣ, гиёҳест бисёрсола. Аз 30 то 50 см қад мекашад. Пояаш борик, қисми болояш сершохча. Баргаш думчадори байзашакл ё сегӯша. Гулаш сурхи баланд. Май – июн гул карда, мевааш авг. – сент. мепазад. Дар минтақаи бешаи дарахтони паҳнбарг, шахсор ва нишебиҳои серсангу шағали қ-кӯҳи Ҳисору дарвоз …

Муфассал »

Арш: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

arsh

Меъроҷиддини Камол менависад: Бинӣ, ки ба сӯи арш дар парвозӣ, Ë дар бари маҳ нишаста дорӣ бозӣ Таъбири чунин хоб бузургӣ бошад, Ҳам сарвати молу ҷоҳу сарфарозӣ.

Муфассал »

Адад шуморӣ: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

adad

Меъроҷиддини Камол менависад: Вақте ки ба хоби хуш адад бишморӣ, В-охир накунӣ варо ту аз бисёрӣ. Таъбир, зафар бувад ба бадхоҳонат, Бо роҳи набард ё дигар асроре.

Муфассал »

Деги палав: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

plov

Меъроҷиддини Камол менависад: Вакте ки ба хоби хуш алав мебинӣ, Дар рӯи алав деги палав мебинӣ, Таъбир бувад барори кору шодӣ, Ту дар тани худ ҷомаи нав мебинӣ.

Муфассал »

Тӯдаи авбош: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

avbosh

Меъроҷиддини Камол менависад: Ба хобат тӯдаи авбош бинӣ, Аз инхобат ту бад подош бинӣ. Туро ҷанҷолҳо бошад ба хешон, Ва гаштан муддате хотирпарешон.

Муфассал »

Арки мӯҳташам: Дидани таъбири хоб – китоби хобнома бо маънояш

nebesa-moej-dushi

Меъроҷиддини Камол менависад: Вақти хобат бинӣ арки мӯҳташам, Осмонбӯсеву воло дилкаше. Дон, ки таъбир аст ҷаҳди бесамар, Дар талоше баҳри ёри маҳваше.

Муфассал »