Архивы за день : 01.02.2018

КОНЪЮНКТИВИТ

konyuktivit

КОНЪЮНКТИВИТ, илтиҳоби мултаҳима, газак гирифтани луобпардаи пилкҳо ва ғӯзаи чашм. Ба таъсири омилҳои гуногуни беруна – микробҳо ва вирусҳои касалиовар, инчунин таъсироти физикию химиявӣ дастарс будани пилки чашм боиси ба вуҷуд омадани К. мегардад. Ҳавои олуда бо чангу ғубор, биноҳои дудолуд, дар нимторикӣ кор кардан, ба чашм зӯр овардан, бо …

Муфассал »

КОРВАЛОЛ

korvalol

КОРВАЛОЛ, як навъ доруи таскинбахш. Дар шакли чакра истеъмол мекунанд. Ташаннуҷи рагҳоро рафъ сохта, хоб меорад. Таркиби К. аз наъно (пудинаи боғӣ), фенобарбитал, этилбромизовалерианат иборат аст. К.-ро ҳангоми бемориҳои силсилаи дилу раг (кардиалгия, тахикардия, ғалаёни хун), бехобӣ, асабоният (вазъи неврозӣ), изтиробнокӣ, алоими молихӯлиёӣ кор мефармоянд. Он ҳамчун доруи рафъи ихтилоҷ …

Муфассал »

КОРМАНДИ ШОИСТАИ ТАНДУРУСТИИ ТОҶИКИСТОН

kormandi-shoista

КОРМАНДИ ШОИСТАИ ТАНДУРУСТИИ ТОҶИКИСТОН, унвони фахрӣ, 6 янв. с. 1989 таъсис ёфта, ба кормандони пешқадами беморхонаю дармонгоҳҳо, госпиталу амбулаторияҳо, таваллудхонаю санаторияҳо, инчунин диг. муассисаҳои муолиҷавию ташхисӣ, ки дар ҳифзи тандурустии аҳолии ҷумҳурӣ хидмати барҷаста намудаанд, супурда шудааст: 1989: Бобохоҷаев Икром (Душанбе), Давлатбекова Зиёда (Душанбе), Мазурин Борис (ш. Чкалов), Нарзуллоев Раҳматулло …

Муфассал »

КОРНОШОЯМӣ

kornoshoyami

КОРНОШОЯМӣ (Invaliditas), доимӣ ё муваққат аз даст додани қобилияти корӣ. Шахсонеро, ки қобилияти кории худро доимӣ ё ба муддати дароз гум кардаанд, ба инвалидӣ мегузаронанд. К.-и муваққатӣ пурра ё ҷузъӣ мешавад. Дар ин маврид қобилияти кориро дар муддати нисбатан кӯтоҳ барқарор намудан мумкин аст. Дар сурати К.-и пурраи муваққатӣ қобилияти …

Муфассал »

КОРОНАРИТ

koronarit

КОРОНАРИТ (Coronaritis; лот. coronarius – иклилӣ), илтиҳоби артерияҳои иклили (коронари)-и дил. Бештар ҳамчун зуҳуроти васкулитҳо, мас., ҳангоми тарбод, периартериити ғуддаӣ ва ғ. рух менамояд. Бо нишонаҳои стенокардия, тағйири ЭКГ, аритмияи дил падид меояд. Баъзан К. муҷиби сактаи дил мешавад. Бо мақсади муолиҷаи К. сабаби онро рафъ сохтан лозим аст.

Муфассал »

КОРСЕТИ ОРТОПЕДӣ

korseti-ortopedi

КОРСЕТИ ОРТОПЕДӣ, ҷиҳозест барои ноҷунбон нигоҳ доштани сутунмӯҳра ҳангоми шикастан, иллат ёфтан ва қаҷ шудани он. К. о.-ро аз масолеҳи гуногун (пӯст, матоъ, гаҷ, нитролак, ҷабираи филизӣ, пластмасса ва ғ.) аз рӯи қолаби гач тайёр мекунанд. К. о. бояд зич ҷафс шуда, сутунмӯҳраро мустаҳкам нигоҳ дорад. Духтур вобаста ба хусусияти …

Муфассал »

КОРТИЗОЛ

kortizal

КОРТИЗОЛ, гормони глюкокортикоидӣ. Табиати стероидӣ дорад. К.-ро қабати беруни (қишр)-и ғадуди болои гурда зери таъсири гормони адренокортикотропӣ (АКТГ) ҳосил менамояд. К. танзимгари мубодилаи карбогидратҳо дар организм аст. Он ҳамчунин дар инкишофи аксуламалҳои стрессӣ ширкат меварзад. Миқдори К. хусусан пагоҳирӯзӣ зиёд мешавад (бегоҳирӯзӣ миқдори он дар организм нисбатан кам хоҳад шуд). …

Муфассал »

КОРТИКОСТЕРОН

kortikosteron

КОРТИКОСТЕРОН, гормони глюкокортикоидии камаҳамият ва нисбатан камфаъолияти қишри ғадудҳои болои гурдаи одам. Фаъолияти минералокортикоидии К. нисбат ба фаъолияти кортизол бештар, вале аз фаъолияти алдостерон камтар аст.

Муфассал »

КОС

kos

КОС (Pelvis), як ҷузъи скелет, ки ба андомҳои поёнӣ тааллуқ дорад. Аз ду устухони кос, чорбанд ва думғоза иборат аст. К. якҷоя бо банди косу рон такягоҳи бадан аст. К. калон ва хурд мешавад. К.-и калон аз пеш бо девораи пеши шикам, аз қафо бо сутунмӯҳра, аз паҳлӯҳо бо нӯги …

Муфассал »

КОСАИ САР

kosai-sar

КОСАИ САР (Cranium), ҷумҷума, кадуфт, косахонаи сар, скелети сари ҳайвоноти мӯҳрадор ва одам. К. с. аз 2 қисм – майнавӣ ва чеҳравӣ иборат аст. К. с.-и одам аз 6 устухони суфтаи хамида таркиб ёфтааст: устухонҳои пешонӣ ва пушти гардан (устухонҳои тоқ), устухонҳои фарқи сар ва чакка (устухонҳои ҷуфт), устухонҳои фонашакл …

Муфассал »