Главная / Илм / КОНСИЛИУМ

КОНСИЛИУМ

konsiliumКОНСИЛИУМ (Covsultatio medicalis), мушовараи пизишкон, машварату маслиҳати пизишкон, ки барои муайян намудани вазъи саломатии бемор, чигунагии бемории ӯ, усулу воситаҳои табобат, инчунин барои аниқ кардани пешомади беморӣ гузаронида мешавад. К. ё бо хоҳиши духтури муолиҷ (дар мавриди номаълум ва мураккаб будани дард) ё бо илтимоси хешовандони мариз баргузор мегардад.
К.-ро дар бемористон, амбулаторияю поликлиника, санатория, дар манзили бемор гузаронидан мумкин аст. Агар К. дар муассисаи табобатӣ гузаронида шавад, иҷозати сардухтур ё мудири муассиса лозим мешавад. Хулосаи К. ҳатман дар варақаи собиқаи беморӣ зикр меёбад ва ба он ҳамаи аъзои К. имзо мегузоранд.
Ҳайати К. ё аз духтурони як соҳа (мас., фақат терапевтҳо ё ҷарроҳон ва ғ.) ва ё аз мутахассисони гуногун (мас., терапевт, ҷарроҳ, омосшинос) иборат аст. Дар мавриди ҳал намудани масъалаҳои ҳуқуқӣ, илмию техникӣ ва ғ. ҳайати духтурон ва ҳамчунин намояндагони дигар соҳаҳо ташкил дода мешавад.
К. мумкин аст дар асоси қарори органҳои судиву тафтишотӣ барои муайян намудани масълаи вобаста ба ҷиноятҳои зидди ягон одам ва саломатии шаҳрвандон содиршуда ташкил гардад.

Инчунин кобед

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе - пойтахтиТоҷикистон

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон

Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …