Главная / Илм / КОМПОСТКУНОНӣ

КОМПОСТКУНОНӣ

kompostkunoniКОМПОСТКУНОНӣ, як тарзи тайёр кардани нурӣ. Бо мақсади безарар гардондани партовҳои рӯзгор, кишоварзӣ ва баъзе корхонаҳои саноатӣ ба амал бароварда шуда, ба пӯсидани моддаҳои органикӣ зери таъсири микроорганизмҳо асос ёфтааст.
К. чун тарзи безараргардонӣ хеле маъмул ва нисбатан боэътимод аст. Маҳсули ниҳоии К. компост буда, барои киштзор ва боғу полиз нурии пурбаҳост. Сифати компост ба маводи таркиби он вобаста аст. Компости тоза донадор ва ғуруша буда ранги хокистарӣ ё дорчинии тира ва бӯи хос дорад. Маводи асосӣ барои тайёр кардани компост пору, торф, гандоб, пехол, растаниҳо, барги дарахтон, хасу хошок ва ахлоту партовҳои шаҳр, наҷосат, таҳшини гандаобҳо ганда ва ғ. мебошанд.
Барои К. бояд шароити зарурӣ муҳайё кард, то ки ба қабати тӯдаи ахлот ҳаво роҳ ёбад. К. коммуналӣ ва ҳавлигӣ мешавад. К.-и коммуналӣ (мӯҳлати безараркунӣ аз 6 то 14 моҳ) дар майдончаҳои махсуси заводҳои таҳвили партов ба амал бароварда мешавад. Дар ҳаёта партовҳо бояд дар майдончаҳои лойандуд, беҳтараш зери дарахт ё шипанг (барои офтоб нарасидан ва аз боришот шуста нашудан) компост карда шаванд. Гирди майдончаро марза гирифта, барои ҷорӣ шуда рафтани оби борон ҷӯйча месозанд. Дар зери майдонча аввал як қабат (15 – 30 см) торф, порухок ё компости кӯҳна андохта, аз болои он як қабат (5 – 10 см) партов мерезанд; пасмондаи хӯрокро низ ба ҳамин ҷо партофтан лозим. Ин корро чанд бор такрор мекунанд. Ба рӯи партов аз чор тараф хок пошидан длхим аст то оби он шорида наравад.
Компостро ҳамчун нурӣ ба замин мепошанд, ҳангоми шинонидани ниҳол ё буттаҳо ба ҷуқурӣ меандозанд. Дар мавриди истифода онро ҳатман ба хок омехта кардан лозим аст.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

Лисейи Хилол

Лисейи “Ҳилол” дар ш. Душанбе

Лисейи ҲИЛОЛ ё худ онро низ гимназия ҳам меноманд, аз солҳои 2000-ум фаъолият намуда талабагонро …