Главная / Теги: Тиб (страница 42)

Теги: Тиб

КАМОЛИДДИНИ ТИФЛИСӣ

nophoto

КАМОЛИДДИНИ ТИФЛИСӣ, (с. тав. номаълум – ваф. баъд аз 1232), Абулфазл Камолиддин Ҳубайш ибни Иброҳим ибни Муҳаммади Тифлисӣ, мунаҷҷим ва табиб. Асарҳояшро ба ду забон – арабӣ ва форсӣ навиштааст. Китобҳои зерин аз таълифоти ӯст: «Усулу-л-малоҳим», «Баёну-с-синоот», «Баёну-н-нуҷум», «Тарҷумону-л-қавофӣ» (ба форсӣ), «Тақвиму-л-адвияти-л-муфрада», «Талхису илали-л-Қуръон», «Сиҳҳату-л-абдон», «Қонуну-л-адаб фӣ забти калимоти-л-араб» (ба …

Муфассал »

КАМПИЛОБАКТЕРИОЗ

kampilobakterioz

КАМПИЛОБАКТЕРИОЗ, як навъ бемории сироятӣ, ки бо аломатҳои зарар ёфтани роҳи меъдаю рӯдаҳо падид меояд. Ангезандаи К. Campylobacter jejini буда, он ҳангоми ҷӯшондан зуд маҳв мешавад. Манбаи ангезандаҳои беморӣ ҳайвоноти гуногун (гов, хук, гӯсфанд, паррандаҳои хонагӣ, сагу гурбаҳо, мушу калламушҳо) мебошанд. Баъзан одам низ метавонад ангезандаи маризиро паҳн кунад. Ангезандаҳо …

Муфассал »

КАМХУНИИ ГЕМОЛИЗИИ НАВЗОД

kamhunii-navzod

КАМХУНИИ ГЕМОЛИЗИИ НАВЗОД (Morbus haemolyticus neonatorum), бемории шадиде, ки бинобар аз рӯи гурӯҳҳои хун ва резус-омил мувофиқат накардани хуни модару ҷанин пайдо мешавад. Дар эритроситҳо (ҳуҷайраҳои сурхи хун)-и бисёр одамон моддаи махсусе вуҷуд дорад, ки он аввалин бор аз хуни маймуни зоти макака-резус ҷудо карда шудааст (аз ин сабаб онро …

Муфассал »

КАМХУНӣ

kamhuni

КАМХУНӣ (Anaemia; аз юн. oin – ҳиссачаи инкорӣ ва haima – хун), анемия, беморие, ки ба он кам шудани миқдори эритроситҳо ва гемоглобини хун хос аст. К. дар натиҷаи ихтилоли раванди хунҳосилшавӣ, талафи хун, вайрон шудани заррачаҳои сурхи хун (эритроситҳо), нуқси кори мағзи устухон, ки узви асосии хунофар аст, пайдо …

Муфассал »

КАНА

kana

КАНА, як гурӯҳ ҷонварони тортанакшакли бемӯҳра. Зиёда аз 10 ҳаз. намуди К. маълум аст, ки дар ҳама ҷо паҳн шудаанд. К. лӯнда ё байзашакл (андозааш аз 0,2 мм то 3 см) мешавад. К. партовҳои пӯсидаро мехӯрад ё дар ҷисми ҳайвонот ва растаниҳо ҳаёти туфайлӣ ба сар мебарад; хуни ҳайвоноти ширхор …

Муфассал »

КАНАКАИ ҲИНДӣ

КАНАКАИ ҲИНДӣ, мунаҷҷим ва табиб. Дар Гундишопур фаъолият доштааст. К. Ҳ. аз касонест, ки бо ёрии дигар мутарҷимин китобҳои ҳиндиро ба форсӣ (паҳлавӣ) ё арабӣ бармегардонд. Дар қарни дуввум ва авв. қарни севвуми ҳиҷрӣ зистааст. Ба фармони халифаи аббосӣ Ҳорунуррашид ба Бағдод даъват шуд ва дар хизмати халифа қарор ёфта, …

Муфассал »

КАНАЛИЗАТСИЯ

kanalizatciya

КАНАЛИЗАТСИЯ, маҷмӯи иншооти инженерӣ, таҷҳизот ва чорабиниҳои санитарӣ, ки ҷамъ кардану аз ҳудуди маҳалли истиқомат ва корхонаҳои саноатӣ берун баровардани обҳои гандида, инчунин пеш аз истифодаи дубора софу безарар гардондани онҳоро таъмин мекунад. К. дохилӣ ва берунӣ мешавад. К.-и дохилӣ барои берун овардан ва то шабакаи канализатсияи берунӣ расондани обҳои …

Муфассал »

КАНДАНИ ПАЙ

kandani-pay

КАНДАНИ ПАЙ, як навъ осеби пай, ки дар натиҷаи зарбу лат хӯрдан бо дард, хуншорӣ, варами узв ва диг. нишонаҳо падид меояд. Кандашавии зерипӯстии пай бо ихтилоли фаъолияти мушакҳои марбута рух менамояд. Нӯги кандашудаи пайро бисёр вақт бо ламс кардан метавон ошкор сохт. Хусусан пайи Ахиллов (пайи пошна), сари дарози …

Муфассал »

КАНДИДОЗ

kandidoz

КАНДИДОЗ (Candidosis), кандидамикоз, бемории занбӯруғии одам ва ҳайвонот. Ҳангоми К. пӯст, луобпардаҳо, узвҳои дарунӣ иллат меёбанд. Занбӯруғҳои ба ном Кандида, ки ба занбӯруғҳои хамирмоя монанд мебошанд, дар табиат васеъ паҳн шудаанд. Онҳо дар растанӣ, меваю сабзавот, хусусан дар меваҳои ширин зандагӣ мекунанд. Пӯст ва луобпардаҳои даҳон, рӯда, роҳи нафас ва …

Муфассал »

КАПИЛЛЯР

kapilyar

КАПИЛЛЯР, мӯраг, мӯйраг, рагҳои бориктарини мағзи бофтаҳо. К. ду хел мешавад: К.-и хун ва лимфа. К.-ҳои хун дар байни хуну бофтаҳо функсияи мубодиаи газ ва моддаҳои дигарро иҷро мекунанд. Диаметри онҳо, одатан, аз 2,5 то 30 мкм мешавад. К.-ҳои васеъро синусоидҳо низ меноманд. Девораи К. аз се қабат иборат аст: …

Муфассал »