Главная / Илм / КАНАКАИ ҲИНДӣ

КАНАКАИ ҲИНДӣ

КАНАКАИ ҲИНДӣ, мунаҷҷим ва табиб. Дар Гундишопур фаъолият доштааст. К. Ҳ. аз касонест, ки бо ёрии дигар мутарҷимин китобҳои ҳиндиро ба форсӣ (паҳлавӣ) ё арабӣ бармегардонд. Дар қарни дуввум ва авв. қарни севвуми ҳиҷрӣ зистааст. Ба фармони халифаи аббосӣ Ҳорунуррашид ба Бағдод даъват шуд ва дар хизмати халифа қарор ёфта, соҳиби вазифа ва маоши хос гардид. ӯ аз пуштибонии хонадони бармакиён низ бархурдор буд. К. Ҳ. чандин китоби тиббӣ ва нуҷумиро ба ёрии мутарҷимон аз ҳиндӣ ба паҳлавӣ ва арабӣ баргардонд, ки аз он ҷумла «Китобу-с-сумум»-и табиби қадими ҳиндӣ Шоноқ мебошад. Тарҷимаи дигари ӯ яке аз таълифоти Сусрутаи Ҳиндӣ аст. Онро барои Яҳёи Бармакӣ тарҷима кард ва он ҳамчун кунноше дар тиб буд, ки дар бемористон аз он истифода мебурданд. Ба ғайр аз ин К. Ҳ. китобҳои зерини ҳиндиро тарҷима ё таълиф кардааст: «Китобу-н-намузор фӣ-л-аъмор», «Китобу асрори-л-маволид», «Китобу-л-қироноти-с-сағир» ва «Асмоу ақоқири-л-ҳиндия» (онро барои Исҳоқ ибни Сулаймон тафсир кардааст).
Ад.: Забеҳуллоҳ Сафо, «Таърихи улуми ақлӣ», ҷ. 1, Теҳрон, 1331 ҳ. ш.

С. Шаҳобуддинов.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

magas

МАГАС

МАГАС, номи умумии ҳашаротест аз оилаи дуболаҳо. Дар дунё тақр. 5 ҳаз. намуди М. мавҷуд …