Главная / Илм / КАМОЛИДДИНИ ТИФЛИСӣ

КАМОЛИДДИНИ ТИФЛИСӣ

nophotoКАМОЛИДДИНИ ТИФЛИСӣ, (с. тав. номаълум – ваф. баъд аз 1232), Абулфазл Камолиддин Ҳубайш ибни Иброҳим ибни Муҳаммади Тифлисӣ, мунаҷҷим ва табиб. Асарҳояшро ба ду забон – арабӣ ва форсӣ навиштааст. Китобҳои зерин аз таълифоти ӯст: «Усулу-л-малоҳим», «Баёну-с-синоот», «Баёну-н-нуҷум», «Тарҷумону-л-қавофӣ» (ба форсӣ), «Тақвиму-л-адвияти-л-муфрада», «Талхису илали-л-Қуръон», «Сиҳҳату-л-абдон», «Қонуну-л-адаб фӣ забти калимоти-л-араб» (ба форсӣ), «Комилу-т-таъбир», «Мадхал ило илми-н-нуҷум», «Малҳамату Дониёл» ва ғ.
Ад.: Ҳоҷихалифа, «Кашфу-з-зунун ан асомии-л-кутуби ва-л-фунун», ҷ. 5, Лубнон, 2007.

С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …