Главная / Илм / КАНАЛИЗАТСИЯ

КАНАЛИЗАТСИЯ

kanalizatciyaКАНАЛИЗАТСИЯ, маҷмӯи иншооти инженерӣ, таҷҳизот ва чорабиниҳои санитарӣ, ки ҷамъ кардану аз ҳудуди маҳалли истиқомат ва корхонаҳои саноатӣ берун баровардани обҳои гандида, инчунин пеш аз истифодаи дубора софу безарар гардондани онҳоро таъмин мекунад. К. дохилӣ ва берунӣ мешавад. К.-и дохилӣ барои берун овардан ва то шабакаи канализатсияи берунӣ расондани обҳои гандидаи биною кӯчаҳо хизмат мекунад. Унсурҳои асосии К.-и дохилиро таҷҳизоти инженерӣ, ғулбаҳои оббар, стояк (ғулбаҳои амудӣ)-ҳо ва обравҳо ташкил медиҳанд. К.-и берунӣ барои берун аз ҳудуди маҳалли истиқомат ва корхонаҳои саноатӣ баровардани обҳои гандида пешбинӣ шуда, ғулбаҳои гандаоб, пйогоҳҳои насосӣ ва иншооти софкориро дарбар мегирад. Обҳои гандида аз шохаҳои дохили бино ва кӯчаҳо ба коллекторҳо ҷорӣ шуда, сипас ба коллектори умумӣ ҳамроҳ мешаванд. Дар К. ғулбаҳои сафолӣ, асбестосементӣ, бетонӣ ва оҳанубетонӣ истифода мешаванд. Дар амалияи шаҳрсозӣ системаҳои муттаҳида ва алоҳидаи К. маъмул аст. Дар мавриди системаи муттаҳидаи К. ҳамаи 3 тоифаи обҳои гандида (маишӣ, истеҳсолӣ ва боришотӣ) тавассути шабакаи умумии ғулбаю каналҳо аз ҳудуди маҳалли истиқомат берун карда мешавад. Мавриди системаи алоҳидаи К. обҳои борон ва обҳои шартан софи истеҳсолиро тавассути як шабакаи ғулбаю каналҳо ва обҳои гандидаи маишиву истеҳсолиро тавассути шабакаи (ё шабакаҳои) дигар дур мекунанд. Обҳои гандидаи корхонаҳои саноатӣ баъди дар иншооти софкорӣ тоза кардан ба шабакаи умумии К. ҳамроҳ мешавад.
Кофтуковҳои археологӣ дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза нишон доданд, ки ҳанӯз а-ҳои 7 – 8 дар Панҷакент, а-ҳои 10 – 12 дар Ҳулбук (вил. Хатлон), Шаҳристон ва Хуҷанд системаҳои таъминоти об ва К. вуҷуд доштанд. Гандаобҳо бо воситаи ғулбаҳои сафолини зеризаминӣ (диаметрашон аз 50 то 300 мм) ва обпартоҳои чуқуриашон то 8 м (чун иншооти софкорӣ хизмат мекарданд) ҷорӣ мешуданд.
Қоидаҳои истифодаи обҳои рӯизаминӣ ва аз ифлосиҳо ҳифз намудани онҳоро ташкилотҳои умури санитарию эпидемиологӣ назорат мекунанд. Ниг. низ Ассенизатсия.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

Инчунин кобед

Витамин В1

Витамин “В1”

Витамин В1 (тиамин) дар организм барои мубодилаи мӯътадили моддаҳо (хусусан ангиштобҳо ё карбогидратҳо) зарур аст. …